ҲИСОБОТ оид ба натиҷаи фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурўши амволи давлатӣ дар соли 2013

Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва Низомномаи Корхона ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раис ва ҳайати роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вобаста ба таъмини суратбахшӣ ва самаранокии ҷараёни хусусигардонӣ ва истифодабарии самараноки моликияти давлатӣ, тавассути ташкилу баргузории музоядаҳо ва озмунҳои шаффофу ошкорбаёна бо мақсади фурӯши моликияти давлатию самаранок ба иҷора супоридани моликияти давлатӣ ва дар ин аснод, афзун намудани воридоти маблағ ба буҷҷети давлат, корҳои зеринро ба сомон расонид.

           Дар соли 2013 ба КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ бо мақсади фурӯш моликияти давлатӣ дар маҷмӯъ 49 адад қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, дар ин замина 77 музояда, аз ҷумла, 6 музояда барои фурӯши бастаи саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии ба давлат тааллуқдошта, 24 музоядаи фурӯши иншоотҳои ғайриманқул, 26 музояда оид ба фурӯши воситаҳои нақлиёт ва 11 музояда оиди фурӯши металҳои сиёҳ ва ранга баргузор карда шуд. Инчунин баҳри иҷрои қарорҳои судӣ дар асоси супоришоти Кумита тавассути баргузории 10 музояда фурӯши амволҳои ҳабсгардида таъмин гардид.

          Дар ин ҷода, дар давраи ҳисоботӣ тавассути музояда бастаи саҳмияҳои ба давлат таалуқдоштаи 19 ҷамъиятҳои саҳомӣ ба савдо бароварда шуда, аз он 13 адад фурӯхта шуд.

         Ҳамчунин, ҳангоми ба савдо баровардани 146 иншоотҳои ғайриманқул 95 иншоотҳои давлатӣ фурӯхта шудаанд. Ҳамзамон 50 иншоот бо сабаби пайдо нагардидани харидор ба Кумита бозпас гардида,

        Оид ба фурӯши воситаҳои нақлиёт дар давраи ҳисоботӣ 26 савдои музоядавӣ баргузор гардид, ки дар ин маврид 420 адад автомашинаҳо ба савдо гузошта шудаанд ва дар натиҷаи савдо 208 адади он фурӯхта шуд. 168 адад воситаҳои нақлиёти дигар бошад бо сабаби пайдо нагардидани харидор ба Кумита бозпас гардидааст.

        Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012 №184 “Дар бораи тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки моликияти давлатӣ мебошанд” ва қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз 24 сентябри соли 2012 №178 бо мақсади ба роҳ мондани фурӯши пораву партовҳои металҳои сиёҳ ва ранга, ки дар натиҷаи аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосии корхонаю ташкилотҳои давлатӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд, Корхона тибқи қарорҳои дахлдори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ 1799,15 тонна партовҳои металҳои сиёҳ ва 37,55 тонна пораву партовҳои металҳои ранга фурӯхта шуда, оҳанпораҳои боқимонда ба саводоҳои навбатӣ пешниҳод карда шудаанд.

        Таҳлилҳои нишондиҳандаҳои раванди хусусгардонии моликияти давлатии нишон медиҳанд, ки дар давраи ҳисоботӣ моликияти давлатӣ, аз ҷумла бастаи саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ, иншооти ғайриманкул, воситаҳои нақлиётӣ ва пораву партовҳои металҳои сиёх ва ранга нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 ба 9,5 фоиз зиёдтар гардидааст.

        Дар навбати худ, аз ҳисоби ҷорӣ намудани ташвиқоти зарурию таъмини шаффофияти ҷараёни баргузории музоядаҳо ва дар натиҷа иштироки бештари харидорон дар музоядаҳо тамоюли мунтазами баландравии нархи ниҳоии фурӯши моликияти давлатӣ нисбати нархи ибтдоии он, ба назар мерасад.

        Дар соли 2013 КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 10 музояда оид ба ташкили фурӯши амволҳои ҳабсгардида барои ба савдои музоядавӣ баровардани 34 адад воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизотҳо, 1 адад хонаи истиқоматӣ ва 1 иншоот баргузор намуд, ки дар натиҷа 16 адад воситаи нақлиёту таҷҳизотҳо, 1 адад иншоот ва 1 адад хонаи истиқоматӣ  фурӯхта шуда маблағи фурӯши онҳо пурра пардохт гардидаанд.

        Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» ва қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2012 №3 ҷиҳати тавассути баргузории озмунҳо ба роҳ мондани иҷораи амволи давлатӣ ва саривақт таъмин намудани пардохти маблағи иҷора мунтазам чораҳои зарурӣ меандешад.

        Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботи дар асоси супоришҳои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ ҷиҳати ба иҷора супоридани 645 иншооти амволи давлатӣ 23 озмун барпо гардид, ки тавасути он 485 адад иншооти давлатӣ ба иҷора супорида шуд.

       Мавриди зикр аст, ки КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар самти ба иҷора супоридани амволи давлатӣ дар соли ҷорӣ ҷараёни таъминоти пардохти маблағҳои иҷораро яке аз самтҳои калидӣ пеш гирифта, ин равандро таҳти назорати қатъӣ қарор додааст, Дар ин ҷода, мунтазам бо иҷорагирон корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ шуда, аз тарафи дигар дар мавриди саривақт напардохтани маблағҳои иҷора аз ҷониби КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ мутобиқи талаботҳои амалкунандаи қонунгузорӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, аз ҷониби КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар ин давра 136 огоҳинома ба Иҷорагироне, ки маблағҳои иҷораро саривақт напардохтаанд бо ҳисобӣ намудани ҷарима ирсол карда шуд. Дар натиҷа ин чорабинӣ аз ҷониби Иҷорагирон маблағҳои қарзӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ интиқол дода шуда, таъмини саривақтии пардохти маблағи иҷора рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст.

      Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ дар доираи расмиёти муқаррашудаи қорори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» ва шартномаҳои ба имзорасида  бо талаби иҷорагир ва ё бинобар сабаби аз ҷониби иҷорагир иҷро нагардидани ӯхдадориҳои ба зиммагирфташудаи шартномаҳо 76 адад шартнома бекор карда шудаанд.

       Дар ин замина, омӯзиши раванди пардохти маблағҳои иҷораи амволи давлатӣ нишон медиҳад, ки дар соли 2013 аз ҳисоби иҷораи амволи давлатӣ ба бӯҷети давлат нисбат ба соли 2012 ба миқдори 9 % зиёдтар маблағ ворид гардидааст.

       Оид ба баргузории музоядаҳо дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ мувофиқи талаботҳои Низомномаи «Тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо»  266 – ахбори пурраи итилоотӣ чоп карда шуда, бо мақсади ҷалби бештари иштирокчиён ба музоядаҳо ва таъмини шаффофият раванди мазкур дар сомонаи интернетии Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ эълону маълумотҳои пурра оид ба баргузории музоядаҳои фурӯши амволҳои давлатӣ бо дарҷи аксу маълумотҳои техникии иншоотҳо мунтазам инъикос мегарданд.

      Баҳри мутобиқатгардонии сомонаи Корхона ба талаботҳои муосири самти идоракунӣ ва истифодабарии хазинаю манбаҳои иттилоотӣ ва бевосита бо мақсади пешбурду равнақ додани сиёсати Корхона дар самти таъмини шаффофият ва ҷалби ҳарчи бештари иштирокчиён ба музоядаҳо дар нимсолаи аввал саҳифаи нави сомонаи www.muzoyada-kvd.tj  бо забонӣ русӣ ҷорӣ карда шуд, ки аз ин ҷониб ба талабгорон имконияти дастрасӣ  ба тамоми маълумотҳои сомона ҳам бо забони давлатӣ ва ҳам бо забони русӣ муҳайё карда шудааст.

       Дар давраи ҳисоботӣ КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ баҳри иҷрои бандҳои  6 ва 7 нақшаи кории Корхона барои соли 2013, ки аз ҷониби Раиси Кумита аз 2 феврали соли 2013 тасдиқ шудааст, бо мақсади такмилдиҳии ҷараёни хусусигардонӣ ва Низомномаи тартиби фурӯши моликияти давлатӣ дар музоядаҳо лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 марти соли 2004 №98” таҳия намуда, ба баррасии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ирсол набуда буд. Айни замон,  тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 декабри соли 2013 тағйиротҳои пешниҳод шуда мавриди амал қарор дода шудаанд.

      Баҳри аз байн бурдани камбудию норасогиҳо дар самти ба иҷора супоридани моликияти давлатӣ, инчунин дуруст ба роҳ мондани назорати воқеии пардохти маблағи иҷора КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар соли ҳисоботӣ бо дастури Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ як қатор тағйиру иловаҳоро, аз ҷумла  ба шартномаи иҷораи амволи давлатӣ ворид намудааст.

      Дар  соли 2013  аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ бо мақсади нигоҳдорӣ ва дастрасии электронии маълумотҳои бойгонии Кумита, маводҳои хусусигардонии воситаҳои асосии давлатӣ ва ба иҷора супоридани моликияти давлатӣ барои солҳои 2011-2012 дар ҳаҷми тақрибан 7500 варақ ва аксҳои иншоотҳо нусхабардорӣ карда шуда, ба шакли электронӣ гузаронида шудаанд.

ҲИСОБОТ оид ба натиҷаи фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурўши амволи давлатӣ дар соли 2013..