Сомона дар холати коркард карор дорад!!!
Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар соли 2024

Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар соли 2024

 

Ҳисобот

оид ба натиҷаи фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар соли 2024       

 Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ вобаста ба иҷрои қарорҳои Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳайати мушовараи Кумита ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумита дар самти амалигардонии вазифаҳои базиммадошта оид ба таъмини суратбахшии ҷараёни хусусигардонӣ ва истифодабарии самараноки моликияти давлатӣ, тавассути ташкилу баргузории музоядаҳо ва озмунҳои шаффофу ошкорбаёна бо мақсади фурӯш ва ба иҷора супоридани моликияти давлатӣ дар соли 2024 маълумоти мазкурро эҳтиромона манзур менамояд.

Дар соли 2024 ба КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ бо мақсади фурӯши моликияти давлатӣ дар маҷмӯъ 27 адад қарорҳои ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, дар ин замина 65 музояда, аз ҷумла, 6 музоядаи иншоотҳои ғайриманқул, 40 музояда оид ба фурӯши воситаҳои нақлиёт, 4 музоядаи фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, инчунин 15 музояда оид ба фурӯши амволҳои ҳабсгардида баргузор намуд. 

Инчунин дар соли 2024-ум 17 адад иншоотҳои ғайриманқул фурухта шуд, ки маблағи онҳо пурра пардохт гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ тариқи музоядаҳо 433 адад воситаҳои нақлиёт ба савдои музоядавӣ пешниҳод гардида, дар натиҷаи савдоҳо 190 адад воситаҳои нақлиёт фурӯхта шуд, ки дар натиҷаи рақобат 22,7 %-ро ташкил медиҳад.

Дар мавриди фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаи аз эътибор соқит намудаи воситаҳои асосии корхонаю ташкилотҳои давлатӣ, иттилоъ медиҳем, ки дар давраи ҳисоботии соли 2024 дар маҷмӯъ 420,358 тонна пораву партовҳои металлҳои сиёҳ, чуян ва ранга фурӯхта шуд.

Аз ҷумла: 

Пораву партовҳои металҳои:

Сиёҳ

Чуян

Ранга

Миқдор (бо тонна)

204,938

204,427

10,993

               Дар давраи ҳисоботӣ КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 15 музояда оид ба ташкили фурӯши амволҳои ҳабсгардида барои ба савдои музоядавӣ баровардани таҷҳизотҳо ва амволҳои ҷудогона баргузор намуд, ки дар натиҷаи савдоҳо 53 адад амволҳои ҳабсгардида ва дигар амволҳои мусодирагардида фурӯхта шуд.

Фуруш ва ба иҷора супордани амволҳои ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” 

Номгуй

Тариқи музояда

Тариқи шартнома

(бе музояда)

ҶСК “Агроинвестбонк”

6 адад

4 адад

ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”

---

2 адад

ҶСК “Фононбонк”

5 адад

1 адад

Ҳамагӣ:

11

7

Иҷораи амвол

 

 

ҶСК “Агроинвестбонк”

20 адад

---

ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”

13 адад

---

ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”

 

 

ҶСК “Фононбонк”

3 адад

---

 Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» ва қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2012 №3 Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар соли 2024 дар асоси супоришҳои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ ҷиҳати ба иҷора супоридани амволи давлатӣ 14 озмун барпо намуд, ки тавасути он 506 адад иншооти давлатӣ ба иҷора супорида шудааст.

Дар маҷмуъ, ба ҳолати 01.01.2025 сол 892 адад шартнома дар масоҳати 194396,11 м.м. мавриди амал қарор дорад. Аз ҷумла, тавассути КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 641 адад шартномаҳо дар масоҳати 122406 м.м., тавассути бахши Хатлонии КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 47 адад шартномаҳо дар масоҳати 2825,6 м.м., тавассути бахши Суғдии КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ 165 адад шартномаҳо дар масоҳати 58 342,73 м.м. ва тавассути Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ 39 адад шартномаҳо дар масоҳати 10821,78 м.м. баста шудааст, ки аз ин 37 адад шартномаи онҳо муҳлати амалаш ба итмом расидааст, ки то ҳол дар асоси мактуби Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ мавриди амал қарор доранд.

 Баҳри иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №10-Ф аз 27 феврали соли 2020 оид ба иҷора супоридани масоҳатҳои МД “Маркази ҷумҳурявии хизматрасониҳои фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ”-и Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди супоришҳои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ озмунҳо баргузор гардида дар солҳои 2021 – 2024 дар натиҷа 99 шартномаҳои иҷораи амволи давлатӣ баста шуд, ки ин маблағи иҷорапулӣ ба суратҳисоби махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад.

Ҳамзамон баҳри иҷрои банди 2-и фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №11-Ф аз 27 феврали соли 2021 оид ба иҷора супоридани масоҳатҳои ҶСК “Фононбонк”, ки ба тавозуни Бинои маъмурии бонк аз ҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди супориши озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ аз соли 2022 – 2024 озмун баргузор гардид, ки дар натиҷа 3 шартномаҳои иҷораи амволи давлатӣ баста шуда мавриди амал қарор доранд, ки ин маблағи иҷорапулӣ ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад.

Инчунин дар асоси мактуби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2021 таҳти №3-3в/346 вобаста ба масъалаи ба расмият даровардани шартномаҳои иҷораи амалкунандаи молу мулки ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” Шуъбаи ба иҷора супоридани амволи давлатӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2024 дар натиҷа 31 адад шартномаҳои иҷораи амволи давлатӣ аз ҳисоби биноҳои собиқ ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ки аз ҷумла ҶСК “Агроинвестбонк” 18 адад шартнома, ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” 13 адад шартнома (1 адад шартнома тавассути бахши Суғдии КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ) мавриди амал қарор доранд.

Дар давраи ҳисоботи оид ба баргузории музоядаҳо ва озмуни иҷораи амволи давлатӣ дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ мувофиқи талаботҳои Низомномаи «Тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо» зиёда аз 65 – ахбори пурраи иттилоотӣ чоп карда шуда, бо мақсади ҷалби бештари иштирокчиён ба музоядаҳо ва таъмини шаффофият раванди мазкур дар сомонаи интернетии Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ эълону маълумотҳои пурра оид ба баргузории музоядаҳои фурӯши амволҳои давлатӣ бо дарҷи аксу маълумотҳои техникии иншоотҳо мунтазам инъикос мегарданд.