аз 1 марти соли 2004 № 98 ш. Душанбе
Бомақсади амали гардонидани Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон ба роисолҳои 2003-2012
Ҳукумати Ҷумҷурии Тоxикистон қарор мекунад:(R{XТ №188 аз 30.03.10с.) 1. Низомнома оид ба тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлати дар музоядаҳо ва Низомнома оид ба тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлати дар тендерҳо тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Ба Дастуруламал оид ба муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусусигардонида мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 4 майи соли 1997 № 181 тасдиқ шудааст, фасли IV бо мазмуни зайлилова карда шавад:
«IV. Арзёбии корхонаҳое, ки мувофиқи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барон солҳои 2003-2012 хусусигардонида мешаванд.(R{XТ №188 аз 30.03.10с.)
Корхонаҳое, китибқи Нақшаи стратегии хусусигардониикорхонаҳоимиёнаюкалонвареструктуризатсияи субъектҳоимонополияи табиӣвакорхонаҳоимахсусанкалон барон солҳои 2003-2012, ки дар савдоиякумхусусигардонидамешаванд, дар асоси балансҳоибухгалтери дар санаиохириниҳисоботи пеш аз эълонифурeшарзёби карда мешаванд».(R{XТ №188 аз 30.03.10с.)
3. КумитаидавлатиисармоягузориваидораиамволидавлатииҶумҳурииТоxикистон, РаисониВилоятиМухториКeҳистониБадахшон, вилоятҳо вашаҳру ноҳияҳо ин низомномаҳо ваДастуруламалоид ба муайяннамуданиарзиши объектҳое, кихусусигардонидамешаванд,
бароироҳбариваиxроқабулнамоянд. (R{XТ№590 аз 28.12.06c.) 4. ҚарориҳукуматиҶумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 1997 №513 «Дар бораитасдиқи Низомномаитартибифурeши объектҳоихусусигардони дар музоядава тендер» беэътибордонисташавад.
Раисиҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2012
Бо мақсади тезонидани ҷараёни хусусигардонӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
1. Нақшаи замимагардидаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2012 тасдиқ карда шавад.
2. Кумитаи давлатии сармоягузорҷ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши 100 фоиз саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии боқимонда ва ҷамъиятҳои саҳомиеро, ки дар давраи солҳои 2010-2012 дар заминаи корхонаҳои давлатӣ таъсис дода мешаванд, тибқи бандҳои «а» ва «б» боби II Нақшаи стратегӣ пурра таъмин намояд;
3. Роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зарурии объектҳое, ки мувофиқи талаботи Нақшаи стратегии мазкур хусусӣ гардонида мешаванд, пешниҳод намоянд.
4. Банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000 №457 "Дар бораи таъсиси базаҳои технологҷ ва сертификатсияи сифати техникаи автомобилӣ дар нақлиёти автомобилӣ" ва банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 1999 №287 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.
5. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1998 №418 "Дар бораи тасдиқи номгӯи корхонаҳои давлатие, ки тибқи лоиҳаҳои инфиродҷ хусусӣ гардонида мешаванд";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 1999 № 326 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 №388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000 №47 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 №388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2000 №257 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 №388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002 №82 "Дар бораи тасдиқи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои давлатие, ки тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ дар солҳои 2002 - 2004 хусусӣ гардонида мешаванд";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2002 №189 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 №388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2002 № 295 "Дар бораи тасдиқи Нақшаи стратегии хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ барои солҳои 2002 - 2004";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2002 №352 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 №388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд".
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 7 ноябри соли 2003 № 486
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 ноябри соли 2003 №486
тасдиқ шудааст
Нақшаи
стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон
ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои
махсусан калон барои солҳои 2003-2012
Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2012 тадбирҳои минбаъдаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи хусусигардонии корхонаҳои миёна ва калон, номгӯи корхонаҳое, ки мутобиқан хусусӣ ё реструктризатсия мешаванд, принсипҳои амалиёти роҳбарикунанда ва мӯҳлати хусусигардонии тамоми корхонаҳои миёна ва калони давлатиро муқаррар мекунад.
I. Мақсад ва вазифаҳои Нақшаи стратегӣ
Мақсади асосии Нақшаи стратегӣ давра ба давра то охири соли 2012 ғайридавлатикунонии тамоми корхонаҳои миёна ва калон, ҷиҳати вусъат додани тадбирҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули муносибатҳои бозорӣ, мӯҳаё намудани шароит барои инкишофи мӯътадили бахши хусусӣ, таъсиси шаклҳои замонавии хоҷагидорӣ, ҷалб намудани сармояи дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, ташкили бозори қоғазҳои қиматнок ва баланд бардоштани истифодабарии самараноки воситаҳои асосии корхонаҳо, кам намудани сарбории буҷети давлатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бо кор бештар таъмин кардани аҳолӣ мебошад.
Мақсадҳои гузошташуда дар доираи дигаргунсозиҳои сохтории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар шаффофҷ, ошкорбаёнӣ ва рақобатнокӣ асос ёфтааст, ба амал бароварда мешаванд.
Қисми асосии таркибии стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши хусусигардонӣ – ин нигоҳдории мувозинати байни самаранокҷ, шаффофӣ ва кӯшиши лозим, ҳамчунин истифодаи ҳар кадоми он, дар пурра мегардонидани ин дуи дигар ташкил медиҳад.
Барои ба ин мақсад расидан дар бахши хусусигардонӣ дар давраи солҳои 2003 – 20012 бояд вазифаҳои асосии зерин ҳал карда шаванд:
- ба итмом расонидани хусусигрдонии корхонаҳои миёна ва калон;
- реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон бо назардошти имкониятҳои минбаъдаи хусусигардонии онҳо;
- такмил додани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ;
- таъмини ошкорбаёнӣ ва шаффофӣ дар ҷараёни хусусигардонӣ.
Вазифаҳои зерини стратегӣ давра ба давра, мувофиқи мӯҳлатҳои дар Ҷадвали 1 муқарраршуда ҳал карда мешаванд:
Ҷадвали 1
Давраҳо |
Солҳо |
Вазифаҳо |
|
Давраи I |
2003 |
1. Такмили санадҳои ҳуқуқии ҷорӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ. |
|
Давраи II |
2004 |
1. Ба итмом1 расонидани хусусигардонии 110 корхонаҳои миёна ва калон. |
|
Давраи III |
2005 |
1. Ба итмом расонидани хусусигардонии 138 корхонаҳои миёна ва калон. |
|
Давраи IV |
2006 |
1. Ба итмом расонидани хусусигардонии 144 корхонаи миёна ва калон. |
|
Давраи V |
2012 |
1. Ба итмом расонидани хусусигардонии 67 корхонаи миёна ва калон. |
1 Хусусигардонӣ баъди бо таври расмҷ супоридани ҳуқуқи моликҷ дар ҳолати пурра пардохт гардидани маблағи амволи хусусигардонидашуда, ба итмомрасида ба ҳисоб меравад.
Номгӯи корхонаҳои миёна ва калон (замимаҳои 1, 2, 3), ки тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин Нақшаи стратегӣ мутобиқан хусусӣ ё реструктуризатсия мешаванд, ҷузъи ҷудонашавандаи он ба шумор меравад.
Тамоми корхонаҳои миёна ва калоне, ки хусусӣ гардонида мешаванд, ба се гурӯҳи асосӣҷудо карда шудааст:
а) корхонаҳои миёна ва калоне, ки дар савдои музоядавӣ бо усули англисӣ мутобиқи номгуй ва тақсимоти солона (Замимаи 1) хусусӣ гардонида мешаванд;
б) корхонаҳои миёна ва калон, ки дар тендерҳои инвеститсионӣ дар асоси номгуй ва тақсимоти солона (Замимаи 2) хусусӣ гардонида мешаванд.
Ҳангоми шавқманд будани сармоягузорон, мақомоти давлатии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идоракунии амволӣ давлатӣ ваколатдоршуда, метавонад хусусигардонии корхонаҳоро ҳар сол, ба мӯҳлати дигар, на он солҳое, ки дар Замимаҳои 1 ва 2 нишон дода шудаанд, гузаронад. Аммо шумораи корхонаҳое, ки дар тӯли ҳар сол хусусӣ гардонида мешаванд, аз миқдори дар Ҷадвали 1 нишон додашуда, набояд кам бошад.
в) илова ба корхонаҳои дар Замимаҳои 1 ва 2 овардашуда, дигар корхонаҳои давлатие, ки дар солҳои 2003-2012 ба ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушода табдил дода мешаванд, мувофиқи қоидаҳои дар қисмҳои II ва III муқарраршудаи ин Нақшаи стратегӣ хусусӣ гардонида мешаванд;
г) корхонаҳои ба субъекти монополияҳои табиӣ мансуббуда ва корхонаҳои махсусан калон, ки барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ доранд.
II. Тартиби хусусигардонии корхонаҳое, ки дар Замимаҳои 1 ва 2
Нақшаи стратегӣ нишон дода шудаанд
а) корхонаҳои дар замимаҳои 1 ва 2 зикршуда ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар давраи солҳои 2010-2012 таъсис дода шудаанд, дар музояда бо усули англисӣ бо нархи ибтидоӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба фурӯш гузошта мешаванд;
б) корхонаҳои дар Замимаҳои 1 ва 2 зикршуда ва ҷамъиятҳои саҳомии дар давраи солҳои 2010-2012 таъсисдодашуда, ки дар музояда бо усули англисӣ ба фурӯш нарафтаанд, дар мӯҳлати 35 рӯзи бонкӣ баъд аз гузаштани ин музояда ба тендери инвеститсионӣ ба андозаи 50 фоиз аз нархи ибтидоии бо усули англисӣ ба савдо баровардашуда ба фурӯш гузошта мешаванд;
в) нисбати корхонаҳое, ки дар тендери инвеститсионӣ ба фурӯш нарафтаанд, мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи амволи давлатӣ дар давоми 60 рӯзи бонкӣ баъд аз гузаронидани тендери инвеститсионӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи расмиёти муфлисшавиро оғоз менамояд;
г) ҳангоми аз тарафи суд рад гардидани аризаи муфлисшавии корхона, мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи амволи давлатӣ дар давоми 60 рӯзи бонкӣ аз санаи қабули қарори суд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи барҳамдиҳии корхонаро баррасӣ менамояд;
д) супоридани ҳуқуқи моликият ба харидор нисбати корхонаҳои дар музояда фурӯхташуда, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди пардохти пурраи маблағи амволи харидашуда амалӣ мегардад;
е) супоридани ҳуқуқи моликият ба харидор нисбати корхонаҳои дар тендерҳои инвеститсионҷ фурӯхташуда, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди пардохти пурраи маблағи амволи харидашуда ва иҷрои ӯҳдадориҳои тендерӣ, пас аз ду сол амалӣ мегардад;
ё) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба низомномаҳои тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатиро дар музоядаҳо ва тендерҳо тасдиқ менамояд. Ҳангоми зарурат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро оид ба ворид намудани илова ва тағйирот ба санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намуда ба мақомоти қонунгузорӣ ирсол менамояд.
Ваколати қабули қарор барои дар музояда ва тендерҳои инвеститсионӣ ба фурӯш гузоштани корхонаҳои дар замимаҳои 1 ва 2 зикршуда ва фурӯши маҷмӯи саҳмияҳои ба давлат таалуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомӣ ба зиммаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад»;
- Бобби III Нақшаи стратегӣ хориҷ карда шавад;
- Бобҳои IV, V, VI ва VII Нақшаи стратегӣ мутаносибан бобҳои III, IV, V ва VIҳисобида шаванд.
III. Корхонаҳое, ки ба субъекти монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон (Замимаи 3) мансубанд
Барои корхонаҳое, ки ба субъектҳои монополияи табиӣ мансуббуда ва корхонаҳои махсусан калон, ки барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ доранд (Замимаи 3), то охири соли 2005 нақшаҳои лоиҳаҳои инфиродӣ бо назардошти реструктуизатсия (супоридан ба консессия, барои идораи беруна, азнавташкилдиҳӣ) ё хусусигардонии онҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ, таҳия карда мешаванд.
IV. Иҷрокунанда ва манбаҳои маблағгузории вобаста ба амал баровардани Нақшаи стратегӣ
1. Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи амволи давлатӣ иҷрокунандаи бевоситаи Нақаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2012 мебошад.
2. Бо ин мақсад то 1 январи соли 2004 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи амволи давлатиро дар таҳрири нав бо назардошти сохторҳои дар маҳалҳо буда, шумораи зарурии кормандони Дастгоҳи марказӣ барои таъмини иҷрои вазифаҳои дар Нақшаи стратегӣ гузошташуда тасдиқ мекунад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои буҷетӣ ва ё дигар сарчашмаҳоро мутобиқи қонунгузории амалкунанда барои мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи амволи давлатӣ баҳри таъмини иҷрои Нақшаи стратегӣ пешбинӣ менамояд.
4. Маблағгузории иловагии ҷараёни иҷрои Нақшаи стратегӣҳам аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам аз ҳисоби маблағҳои ҷалбшавандаи институтҳои байналминалии молиявӣ (грант ва ёрии техникӣ) амалӣ мегардад.
V. Асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои дастгирии Нақшаи стратегӣ
Бо мақсади сари вақт ва бо сифат таъмин намудани иҷрои Нақшаи стратегӣҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ, бо иштироки экспертҳои байналмилалӣ ва бо ҷалби ёрии техникӣ аз тарафи ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ барои таҳия намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки ҷараёни хусусигардонӣ ва муносибатҳои амволиро ба танзим медароранд, таъсис медиҳад.
Ҳамаи тағйиротҳо ба санадҳои меъёри ҳуқуқии амалкунанд, аз ҷумла санадҳои меъёрию ҳуқуқии наве, ки барои иҷрои Нақшаи стратегӣ заруранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2004 қабул мекунад, ва онҳо ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамин Стратегия ба ҳисоб мераванд.
VI. Шаффофӣ ва ошкорбаёнӣ
Ба мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки таъмини шаффофӣ ва ошкорбаёниро дар гузаронидани раванди хусусигардонӣ мутобиқи ҳамин Нақшаи стратегӣ, амалӣ гардонад.
Дар сурати мавҷуд будани кӯмаки техникӣҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шаффофӣ ва ошкорбаёнии ҷараёни хусусигардонӣ ва барои ташкили маъракаи рекламавии зарурӣ дар асоси озмун ширкатро интихоб менамояд, ки дар ин соҳа махсус гардонидашудаи ба мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идораи амволи давлатӣ кӯмак мерасонад.
