аз 1 марти соли 2004 № 98 ш. Душанбе
Бо мақсади амали гардонидани Накшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2012
ҲукуматиXумҷурииТоxикистонқарормекунад:(R{XТ №188 аз 30.03.10с.) 1. Низомнома оид ба тартиби фуруши объектҳои моликияти давлати дар музоядаҳо ва Низомнома оид ба тартиби фуруши объектҳои моликияти давлати дар тендерҳо тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Ба Дастуруламал оид ба муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусусигардонида мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистоназ 4 майи соли 1997 № 181 тасдиқ шудааст, фасли IV бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«IV. Арзёбии корхонаҳое, ки мувофиқи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2012 хусуси гардонида мешаванд.(R{XТ №188 аз 30.03.10с.)
Корхонаҳое, ки тибқи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2012, ки дар савдои якум хусусигардонида мешаванд, дар асоси балансҳои бухгалтери дар санаи охирини ҳисоботи пеш аз эълони фуруш арзёби карда мешаванд».(R{XТ №188 аз 30.03.10с.)
3. Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Точикистон, Раисони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ин низомномаҳо ва Дастуруламал оид ба муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусуси гардонида мешаванд,
барои роҳбари ва ичро қабул намоянд. (R{XТ№590 аз 28.12.06c.) 4. Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 1997 №513 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби фуруши объектҳои хусусигардони дар музояда ва тендер» бе эътибор дониста шавад.
Раисиҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2004 № 98
тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо
Низомнома мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёна ва калон, реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003 - 2007", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 № 486 тасдиқ гардидааст, таҳия шуда, тартиб, қоидаҳо ва шартҳои фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ (ҷумхуриявӣ ва коммунали)-ро дар музояда муқаррар мекунад.
1. Истилоҳоти истифодашаванда
1. Дар Низомнома, чи тавре ки минбаъд муайян шудааст, истилоҳоти дар поён овардашуда, агар матн мазмуни дигарро талаб накунад, маънои зайлро ифода мекунанд:
- тарзи англисии савдо (музоядаи англисӣ) - чунин тарзи музояда, ки ҳангоми он нархи эълоншудаи лот назар ба нархи ибтидоӣ бо қадами эълоншудаи пешакӣ то лаҳзаи мондани як нафар иштирокчии нархи аз ҳама баландро пешниҳоднамуда баланд карда мешавад;
- музояда - намуди фурӯши объектҳои хусусигардонӣ, ки аз харидор иҷрои ягон шартро нисбати объекти харидашаванда баъди хусусигардонии он талаб намекунад;
- музоядачӣ - шахси воқеӣ, ки аз тарафи фурӯшанда ё ташкилотчӣ барои гузаронидани музоядаи фурӯши объектҳо таъин ё киро карда мешавад;
- супориши музоядавӣ - қарори фурӯшанда дар бораи гузоштани объектҳо дар музояда;
- номгӯи музоядавӣ - номгӯи лотҳои дар хабари иттилоотӣ нишон додашуда, ки ба музояда гузошта мешаванд;
- комиссияи музоядавӣ - комиссияи аз тарафи фурӯшанда таъсисёфта, ки ба назорати рафти ташкил ва гузаронидани музояда ваколатдор аст;
- рӯзи бонкӣ - рӯзи кории расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тарзи ҳолландии савдо (музоядаи холландӣ) - чунин тарзи музояда, ки ҳангоми он нархи эълоншудаи лот нисбат ба нархи ибтидоии лот бо қадами эълоншуда то лаҳзаи рақами музоядавии худро якумин шуда бардоштани яке аз иштирокчиён паст карда мешавад;
- пардохти кафолатӣ - таъмин намудани ҷиддияти нияти иштирок дар музояда ва дар ҳолати ҷолиб баромадан имзо намудани протоколи натиҷаҳои музояда ва бастани шартномаи хариду фурӯш аз тарафи иштироккунанда;
- тахтаи эълонҳо -лавҳаи дар ҷои барои ҷамъият дастрас
гузошташуда, ки дар он фурӯшанда бояд иттилооти ба фурӯши объекти ба савдо гузошташуда тааллуқдоштаро ҷой диҳад:
- аризадиҳанда - шахси ҳуқуқӣ ва воқеии резидентӣ ва ҷайрирезидентӣ, ки барои иштирок дар музояда хоҳиш дорад ва пардохти кафолатиро додааст;
- дархост - ҳуҷҷати намуди муқарраршуда, ки дар он иштироккунанда риоя намудани ҳамаи талаботи Низомномаи мазкурро изҳор мекунад;
- музоядаи пӯшида - намуди музоядаи англисӣ, ки ҳангоми он иштироккунандагон пешниҳодҳои нархиро дар лифофаҳои сарпӯшида манзур мекунанд;
- хабари иттилоотӣ-пешниҳоди расмии оммавии фурӯшанда барои гузаронидани музояда, ки дар васоити электронӣ ва даврии ахбори умум интишор ёфтааст;
- лот - объекте, ки ба музояда гузошта мешавад. Дар ҳолати фурӯши саҳмияҳо, теъдоди воқеии саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии мушаххаси ба музояда гузошташаванда лот ҳисоб меёбад;
- нархи ибтидоии лот - нархе, ки бо он музоядаи ҳар як лот шурӯь мешавад;
- нархи фурӯш - нархи охирини фурӯши лот, ки дар ҷараёни гузаронидани музояда ҳосил шудааст;
- нархи ҳадди ақали лот - он нархе, ки объекти дар музоядаи ҳолландӣ гузошташуда аз он пасттар фурӯхта намешавад;
- резидент (резидентӣ) - шахси воқеии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои доимии иқоматдошта, аз ҷумла оне, ки муваққатан берун аз ҳудуди он қарор дорад, инчунин шахси ҳуқуқии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисёфта ва аз қайд гузашта;
- ҷайрирезидент (ҷайрирезидентӣ) - шахси воқеии берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои иқомати доимӣ дошта (аз ҷумла онҳое ки мувақкатан дар Тоҷикистон қарор доранд); шахси ҳуқуқии мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ таъсисёфта ва амалкунандаи берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, ҳамчунин намояндагии хориҷии дипломатӣ, тиҷоратӣ ва дигар намояндагии расмӣ, созмонҳои байналмилалӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо;
- объект - объекти хусусигардонӣ, саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии ба давлат тааллуқдошта, корхонаҳои давлатӣ, шахсони ҳуқуқии дар заминаи қисматҳо ва воҳидҳои сохтории аз таркиби ҷамъиятҳои саҳомӣҷудо шуда аз нав таъсисёфта; қисматҳои истеҳсолӣ, ҷайриистеҳсолӣ ва воҳидҳои сохторӣҳамчун маҷмӯи амволӣ; амволи ҷудогонаи корхонаҳои давлатӣ;
- ташкилотчӣ - фурӯшанда, корхонаҳои воҳид ё давлатие, ки аз тарафи фурӯшанда таъсис ёфтааст, ё шахси ҳуқуқии дигари аз тарафи фурӯшанда интихобшуда, аз ҷумла дар асоси озмун, ки ваколати ташкил ва гузаронидани музоядаро доранд;
- нархи баҳодиҳӣ - нархи объекте, ки мутобиқи Дастуруламал оид ба муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусусӣ гардонида мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1997 № 181 тасдиқ шуда, ба ҳисоб гирифта шудааст;
- ҳуҷҷати пардохтӣ - ҳуҷҷате, ки пардохтро тасдиқ менамояд (супориши пардохтӣ, ордери мемориалӣ, забонхати расмӣ).
- ҷолиб - иштироккунандае, ки нархи аз ҳама баландро барои лот дар музоядаи англисӣ пешниҳод намудааст ё аввалин шуда рақами музоядавиаш (байрақча)-ро дар музоядаи ҳолландӣ бардоштааст.
- харидор - ҷолибе, ки бо фурӯшанда шартномаи хариду фурӯшро бастааст;
- низомнома - Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо;
- фурӯшанда - мақомоти аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ ва аз тарафи Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои амалӣ сохтани фурӯши объектҳои моликияти ба онҳо дахлдор дар музоядаҳо ваколатдор кардашуда;
- нақшаи стратегӣ - Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёна ва калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияҳои табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003 - 2007, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 № 486 тасдиқ гардидааст;
- савдо - ҷараёни фурӯши объект дар музоядаҳои англисӣ ва ҳолландӣ;
- иштироккунанда - шахси воқеии резидентӣ ва ҷайрирезидентӣ, ки бо услуби муқарраршуда барои иштирок дар музояда аз қайд гузаштааст.
II. Муқаррароти умумӣ
2. Ҳангоми фурӯши объектҳо дар музоядаҳо қоидаҳои умумии зерин истифода бурда мешаванд:
- нархи ибтидоии объекти фурушӣ, ки ба музоядаи тарзи англисии савдо гузошта шуда, мутобиқи Дастуруламал оид ба муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусусӣ гардонида мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1997 № 181 тасдиқ шудааст, муайян карда мешавад.
3. Ҳангоми фурӯши объект бо тарзи ҳолландии савдо:
- нархи ибтидоӣ бо роҳи зарб задани нарх, ки мутобиқи сархати якуми банди 2 муайян шудааст, бо коэффитсиенти баландкунанда муқаррар карда мешавад. Коэффитсиент аз тарафи фурӯшанда муқаррар мегардад, ки бояд на камтар аз панҷ бошад.
- нархи ҳадди ақал ба андозаи пардохти кафолатӣ муқаррар карда мешавад.
4. Музояда дар сурати иштироки на камтар аз ду нафар гузаронида мешавад.
5. Ба натиҷаҳои музояда дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи гузаронида шудани он бо тартиби муайяннамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироз овардан мумкин аст.
6. Музоядаеро, ки бо вайрон кардани коидаҳои дар ин Низомнома муқарраршуда гузаронида шудааст, суд метавонад бо даъвои шахси манфиатдор, бекор кунад. Эътирофи бекор кардани савдо боиси бекор шудани шартномаи бо ҷолиб басташуда мегардад.
7. Нусхаи ин Низомнома бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣҳар як шахси хоҳишманд метавонад аз фурӯшанда бо нархи аслии чопи мошинӣ аз ҷое, ки дар тахтаи эълонҳо нишон дода шудааст, дастрас намояд.
8. Ҳангоми фурӯши объектҳои ба замимаҳои 1 ва 2-и Нақшаи стратегӣ дохил кардашуда, ҳамчунин вақти фурӯши саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии навтаъсис дар давраи то солҳои 2003 - 2007 дар музояда, қоидаҳои зерини фурӯш ба кор бурда мешаванд:
- корхонаҳои дар замимаҳои 1 ва 2 нишон додашуда дар музоядаи тарзи англисӣ бо нархи ибтидоӣ ба андозаи 100%"аз нархҳои ба ҳолати 1 январи соли 2003 бо дарназардошти коэффитсиентҳои азнавнархгузории соли 2002 гузошта мешаванд;
- корхонаҳои дар замимаи 1 зикрёфта, ки дар музоядаи англисӣ тарзи англисӣ гузошта шуда ба фурӯш нарафта буданд, дар музоядаи дуюми тарзи англисӣ дар муддати 35 рӯз пас аз рӯзи гузаронидани музоядаи якум бо нархи ибтидоӣ ба андозаи 100% аз нархҳои ба ҳолати 1 январи соли 2003 бе дарназардошти коэффитсиентҳои ззнавнархгузории соли 2002 гузошта мешаванд;.
- корхонаҳои дар замимаи 1 зикршуда, ки дар музоядаи дуюми тарзи англисӣ гузошта шуда _ба фурӯш нарафта буданд, дар музоядаи сеюми тарзи англисӣ дар муддати 35 рӯз пас аз рӯзи гузаронидани музоядаи дуюм бо нархи ибтидоӣ ба андозаи 50% аз нархи ибтидоии дар музоядаи дуюм муайяншуда гузошта мешаванд.
- корхонаҳои дар замимаи 1 зикршуда, ки дар се музояда гузошта шуда, вале ба фурӯш нарафтаанд, дар музоядаи чоруми тарзи англисӣ дар муддати 35 рӯз пас аз рӯзи гузаронидани музоядаи сеюми тарзи англисӣ бо нархи ибтидоии ба пардохти кафолати баробар, ки барои иштирок ба музояда лозим аст, гузошта мешаванд.
III. Вазифаҳои фурӯшанда
9. Вазифаҳо оид ба ташкил ва гузаронидани музоядаҳо:
- тақсими объектҳо ба музоядаҳои ҷудогона;
- муқаррар намудани сана ва ҷои гузаронидани музояда, ҳамзамон музоядаҳои ба фурӯши объекти моликияти ҷумҳуриявӣ, ки дар Нақшаи стратегӣ зикр шудаанд, танҳо дар шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд;
- риояи шартҳои зерин нисбати саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ:
дар музоядаи англисӣ саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии алоҳида бо як ё якчанд теъдоди лотҳо ҳангоми яклухт (пурра) будани теъдоди саҳмияҳо дар ҳар лот гузошта мешаванд;
дар музоядаи ҳолландӣ маҷмӯи саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ дар як лот гузошта мешавад.
10. Вазифаҳои дигар:
- муайян намудани нархи ибтидоии лот;
- таҳияи супориши музоядавӣ;
- додани рақами музоядавӣ;
- тайёр кардани хабари иттилоотӣ;
- нашри хабари иттилоотӣ;
- нашри дигар иттилоот, рекламаи объектҳо ва қоидахои гузаронидани музоядавӣ;
- таҳияи корти музоядавӣ;
- тартиб додани комиссияҳои музоядавӣ;
- ташкили шиносоӣ бо объектҳои ба музояда гузошташаванда мувофиқи хоҳиши ҳар як шахс;
- мутобиқи талаботи ин низомнома нав кардани иттилоот дар тахтаи эълонҳо;
- дар ҳолатҳои дар ин низомнома пешбинишуда пас гирифтани объектҳо аз музояда;
- бурдани назорати ташкил ва гузаронидани музоядаҳо аз тарафи ташкилотчӣ;
- бастани шартномаҳои хариду фурӯш бо ҷолибони музоядаҳо ва назорати иҷрои онҳо;
- амалӣ кардани ҳисобиҳо бо иштироккунандагон ва харидорон;
- амалӣ кардани ҳисобиҳо бо ташкилотчӣ;
- бурдани ҳисоби қайди музоядаҳо.
11. Фурӯшанда ҳуқуқ дорад вазифаҳои дар сархатҳои панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нӯҳум, дувоздаҳум, сенздаҳум ва чордаҳуми банди 10 нишон додашударо ба ваколати ташкилотчӣ вогузор кунад.
12. Ташкилотчӣҳуқуқи супоридани ваколатҳои ба ӯ вогузоршударо ба каси дигар надорад.
13. Фурӯшанда метавонад вазифаҳои дар сархатҳои панҷум ва шашуми банди 10 омадаро ба мутахассисҳои соҳаи маркетинг, реклама ва алоқа бо ҷомеа вогузор кунад.
14. Муносибатҳои байни фурӯшанда ва ташкилотчӣ дар ташкил ва гузаронидани як ё зиёда музоядаҳо, ба ҷайр аз ҳолатҳое, ки ташкилотчӣ муассисаи давлатии бо ин мақсад таъсисдодаи фурӯшанда бошад, бо шартнома танзим мегардад. Дар чунин ҳолат муносибатҳои байни фурӯшанда ва ташкилотчиро оиннома муайян мекунад.
15. Супориши музоядавӣ бояд аз инҳо иборат бошад:
- номгӯи объектҳое, ки ба музояда гузошта мешаванд;
- суроҷаи объектҳо ва намуди асосии фаъолияти онҳо;
- тарзи гузаронидани савдо;
- мӯҳлатҳои ниҳоии гузаронидани музояда ва рақами бақайдгирии музояда;
- андозаи лотҳои гузошташаванда (бо фоизҳо аз сармояи оинномавӣ), миқдори лотҳо, теъдоди саҳмияҳо дар ҳар лот, нархи ибтидоии лот ҳангоми музоядаҳои англисӣ ва холландӣ дар ҳар кадом ҷамъияти саҳомӣ.
IV. Тартиби тайёрӣ барои гузаронидани музояда
16. Номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва тартиби гузаронидани муояда ҳангоми фурӯши корхонаи давлатӣ:
- нусхаҳои ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқӣ; корхонаи давлатӣ;
- нусхаи баланси ҳисобдорӣ дар санаи охирини ҳисоботӣ пеш аз эълони фурӯш, ки мақомоти андоз тасдиқ кардааст;
- санади нархгузории объект.
17. Ҳангоми фурӯши саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ:
- нусхаҳои ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъияти саҳомӣ;
- нусхаҳои эломи эмиссияи саҳмияҳо ва шаҳодатномаи қаёди эмиссия дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нусхаҳои баланси ҳисобдории ҷямъияти саҳомӣ дар санаи охирини ҳисоботӣ пеш аз эълони фурӯш, ки мақомоти андоз тасдиқ кардааст;
- санади нархгузории объект.
18. Ҳангоми фурӯши воҳиди амволи корхона:
- шиносномаи техникии воҳиди амвол, ки объекти фурӯш ба ҳисоб меравад ё ҳуҷҷати дигари нишондиҳандаи ҳолати техникии объект;
- баланси ҷудо кардашуда;
- санади нархгузории амвол.
19. Ҳангоми фурӯши қисматҳои истеҳсолӣ, ҷайриистеҳсолӣ ва воҳидҳои сохторӣҳамчун маҷмӯи амволӣ:
- баланси Ҷудокардашуда;
- санади нархгузории амвол.
20. Ҳангоми ташаккули комиссияи музоядавӣ:
- таҳия намудани лотҳо;
- тартиб додани супориши музоядавӣ;
- муқаррар намудани мӯҳлат ва ҷои гузаронидани музояда;
- муайян намудани нархҳои ибтидоии лотҳо;
- муайян кардани тартиби супоридани пардохти кафолатӣ;
- дар васоити ахбори умум ба чоп расонидани хабари иттилоотӣ оид ба гузаронидани музоядаҳо ва гузаронидани фаъолияти дигари ташвиқотӣ;
- тартиб додани корти музоядавӣ;
- шиносоӣ бо объектҳо бо хоҳиши иштирокчиёни эҳтимолии музоядаҳо, ки фурӯшанда ташкил кардааст;
- бақайдгирии иштирокчиён.
V. Ташкилшавӣ ва салоҳияти комиссияи музоядавӣ
21. Барои амалӣ кардани назорати рафти ташкил ва гузаронидани музояда оид ба фурӯши объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ фурӯшанда комиссияро дар ҳайати 7 нафар таъсис медиҳад:
- ба комиссия намояндагони фурӯшанда, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мешаванд;
- ба комиссия намояндаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи на пасттар аз муовини Раиси Кумита, роҳбарӣ мекунад (раиси комиссия);
- муовини раиси комиссия аз ҳисоби аъзон комиссия дар ҷаласаи комиссия интихоб карда мешавад;
- котиби комиссия намояндаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (яке аз аъзоёни комиссияи музоядавӣ);
- фурӯшанда бояд ҳар сол на камтар аз 30 % аъзоёни комиссияро иваз намояд.
22. Барои амалӣ кардани рафти назорати ташкил ва гузаронидани музоядаҳои фурӯши объектҳои моликияти коммуналӣ фурӯшанда як ё якчанд комиссия ташкил мекунад. Ба ҳайати комиссия намояндаҳои ҳукумат, мақомоти минтақавии идоракунии амволи давлатӣ, мақомоти молия ва адлия шомил мешаванд. Ҳайати комиссия бо қарори раисони ВМБК, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад.
23. Қарорҳои комиссия бо овозҳои аксарияти аъзоҳои ҳузурдоштаи комиссия қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробар будани овозҳо, овози раиси комиссия ҳалкунанда мебошад.
24. Комиссия ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисоб мешавад, ки дар кори он на кам аз чор нафар аъзоён иштирок намоянд.
25. Ҳар як аъзои комиссия ҳуқуқи мулоҳизаи махсусро дорад, ки онро вай ба раиси комиссия ба таври хаттӣ пешниҳод менамояд. Мулоҳизаи махсуси ҳар як аъзои комиссия дар протоколи комиссия музоядавӣ сабт мегардад.
VI. Хабари иттилоотӣ
26. Хабари иттилоотӣ оид ба гузаронидани музояда бояд на кам аз се маротиба, бори аввал на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ то санаи гузаронидани музояда, бори дуюм байни рӯзҳои 30-20 ва бори сеюм байни рӯзҳои 20-10 то рӯзи гузаронидани музояда нашр шавад.
27. Ахбори иттилоотӣ дар як вақт бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар рӯзномаҳои "Садои мардум" ё "Ҷумҳурият" ё "Народная газета" чоп мегардад ва дар саҳифаҳои фурӯшанда ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Интернет дар қисмати объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣҷойгир кунонида мешавад.
28. Дар бахши объектҳои моликияти коммуналӣ хабари иттиоолотӣ дар воситаҳои ахбори умуми маҳаллӣ, ки дар тамоми қаламрави ҳамин минтақа паҳн мешаванд, интишор карда мешавад.
29. Саҳифаҳои рӯзномаҳо бо хабари иттилоотии дар онҳо нашршуда на дертар аз як рӯзи баъди интишори онҳо дар тахтаи эълонҳо ҷой дода шуда, на барвақттар аз гузаштани як рӯзи баъди гузаронидани музояда аз тахтаи эълонҳо гирифта мешаванд.
30. Хабари иттилоотӣ бояд аз инҳо иборат бошад:
- ном, суроҷа, телефони фурӯшанда ва ташкилотчӣ;
- сана, ҷой, вақти гузаронидан ва рақами музояда;
- номгӯи, маҳалли ҷойгиршавии объект;
- фаъолияти асосии объект;
- ҳаҷми лотҳои гузошташаванда (бо фоизҳо аз сармояи оинномавӣ) дар ҳар як ҷамъияти саҳомӣ;
- тарзи гузаронидани музояда;
- нархҳои ибтидоии лотҳое, ки ба фурӯш гузошта мешаванд;
- нархи пасттарини лотҳо дар музоядаи ҳолландӣ;
- ҳаҷми пардохти кафолатӣ ва тартиби супоридани он;
- хаҷми боҷи комиссионӣ;
- телефонҳо ва суроҷаҳо, ки тавассути онҳо хоҳишмандон метавонанд маълумоти иловагӣ бигиранд;
- маълумоти дигар мувофиқи салоҳдиди фурӯшанда.
31. Фурӯшанда ба эътимоднок будани маълумотҳои дар ахбори иттилоотӣ интишор гардида ҷавобгӯ намебошад.
VII. Пардохти кафолатӣ
32. Пардохти кафолатӣ таъмини ӯҳдадориҳои зерини иштироккунанда мебошад:
- имзо намудани протоколи натиҷаҳои музояда дар сурати ҷолиб эълон гардидани ӯ;
- бастани шартномаи хариду фурӯш мутобиқи протоколи натиҷаҳои музояда;
- пешниҳоди маълумоти саҳеҳ ва ҳуҷҷатҳо ҳангоми бақайдгирӣ ба сифати иштироккунандаи музояда.
33. Пардохти кафолатӣ барои иштирок дар музояда дар ҳаҷми зерин муқаррар карда мешавад:
- 1000 доллари ШМА барои як лот дар музоядаи англисӣҳангоми фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта, корхонаҳои давлатӣ ва маҷмӯъҳои амволӣ;
- 50 доллари ШМА барои як лот ҳангоми фурӯши мошинҳо, механизмҳо ва дигар воҳиди амвол дар музоядаи англисӣ;
- 500 доллари ИМА барои як лот ҳангоми фурӯши объектҳо дар музоядаи ҳолландӣ;
34. Пардохти кафолатиро ҳам бо асъори конвертатсияшаванда ва ҳам бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, дар рӯзи пардохти он гузарондан мумкин аст.
35. Иштироккунанда ҳуқуқ дорад бо як ҳуҷҷати пардохти теъдоди номаҳдуди пардохтҳои кафолатиро супорад, ҳамзамон як пардохти кафолатӣ ба иштироккунанда ҳуқуқи харидани як лотро медиҳад.
36. Пардохти кафолатӣ мумкин аст ба таври нақдӣ ё ҷайринақдӣ супорида шавад.
37. Супоридани пардохти кафолатӣ ба таври ҷайринақдӣ аз рӯзи нашри хабари иттилоотӣ оҷоз шуда як рӯз пеш аз шурӯъи музояда қатъ мешавад.
38. Супоридани пардохти кафолатӣ ба таври нақд аз рӯзи нашри хабари иттилоотӣ оҷоз шуда як соат пеш аз шурӯъи музояда қатъ мешавад.
39. Пардохти кафолатӣ ба таври ҷайринақдӣ, ҳамон вақт супорида ҳисоб мешавад, ки иштироккунанда ҳуҷҷати пардохтии тасдиқкунандаи супоридани пардохти кафолатиро ҳамроҳи худ дошта бошад.
40. Пардохти кафолатии харидор ҳамчун пардохтҳои мутобиқи шартномаи хариду фурӯш анҷомдодашаванда ба ҳисоб гирифта мешавад.
41. Иштироккунандае, ки ҷолиби музояда нашудааст, ҳуқуқ дорад ба тариқи хаттӣ аз баргардонидани пардохти кафолатӣ, бо мақсади истифодаи маблаҷи мазкур барои иштирок дар музоядаҳои минбаъда, даст кашад.
42. Пардохти кафолати дар ҳолатҳои зерин пас гардонида намешавад:
- даст кашидани ҷолиб аз имзои протоколи натиҷаҳои музояда ё аз бастани шартномаи хариду фурӯш;
- иҷро накардан ё иҷрои нокифояи ӯҳдадориҳои шартномаи хариду фурӯш;
- ҳангоми пешниҳоди нархи ба андозаи аз ҳаҷми панҷкаратаи нархи
ибтидоии объект камтар дар музоядаи пӯшида аз тарафи иштироккунанда;
- ҳангоми ошкор намудани номувофиқии иштироккунанда ба талабое, ки ин Низомнома аз ӯ талаб менамояд.
43. Ба истиснои ҳолатҳои дар бандҳои 41 ва 42 нишон додашуда, пардохти кафолатӣ ба иштироккунанда дар муддати 5 рӯзи бонкӣ аз рӯзи гузаронидани музояда ё дар муддати 5 рӯзи бонкӣ аз рӯзи гузаштани пардохти кафолатӣ ба суратҳисоби фурӯшанда дар ҳолате ки он баъди гузаронидани музояда дохил шудааст, баргардонида мешавад.
44. Дар ҳолате, агар пардохти кафолатии иштироккунанда аз андозаи пардохтҳои кафолатии лотҳо, ки дар онҳо вай ҷолиб эълон шуда буд, зиёд бошад, ҳаҷми пардохти кафолатии аз талабшаванда зиёд ба ҳисоби пардохтҳои дар пешистода ҳангоми хариди лотҳо гузаронида мешавад, ё бо хоҳиши иштироккунанда бо асъоре, ки пардохти кафолатӣ супорида шуда буд, баргардонида мешавад.
VIII. Рекламаи музояда ва дастраскунии маълумот ҳангоми шиносоӣ бо объект
45. Рекламаи музоядаро метавонад худи фурӯшанда ё ташкилотчӣ бо мувофиқа бо фурӯшанда амалӣ намояд.
46. Реклама ба шакли озод ташкил шуда бояд ба ҷалби махсусан васеи иштироккунандагон нигаронида шавад.
47. Маьлумот дар реклама бояд саҳеҳ бошад ва ба иттилооти дар хабари иттилоотӣ интишоршуда мухолифат накунад.
48. Дар ҳолати мухолифати маълумоти дар реклама буда ва хабари иттилоотӣ, маълумоти дар хабари иттилоотӣ интишоршуда ҳамчун асос гирифта мешавад. Чунин мухолифат барои бекор кардани музояда ё гирифтани объект аз музояда асос шуда наметавонад.
49. Маълумоти муфассалтарро назар ба маълумоти дар хабари иттилоотӣ интишоршуда, оид ба ҳолати молиявӣ ва техникии корхона, ҳангоми шиносоӣ бо объект аз маъмурияти корхона гирифтан мумкин аст.
50. Нусхаи баланси ҳисобдории ҷамъияти саҳомӣ дар санаи охирини ҳисоботи пеш аз эълони фурӯш, ки мақомоти андоз тасдиқ кардааст дар ихтиёри фурӯшанда мебошад ва ба ҳамаи хоҳишмандон пешниҳод карда мешавад.
51. Баъди нашри хабари иттилоотӣ фурӯшанда, ташкилотчӣ ва маъмурияти объект вазифадоранд, ки ба ҳамаи хоҳишмандон бе ягон шарт ва маҳдудкунӣ, дастрасӣ ба корхона ва маълумот дар бораи он, аз ҷумла дар ҳолати фурӯши саҳмияҳо нусхаи эъломи эмиссияро низ таъмин намоянд.
52. Дар ҳолати аз тарафи маъмурияти корхона пешниҳод нашудани маълумот, фурӯшанда метавонад ҷазои интизомиро нисбати роҳбари корхона истифода барад.
IX. Бекор кардани музояда ва гирифтани объект аз музояда
53. Агар дар хабари иттилоотӣ маълумотҳои дар сархатҳои якум, дуюм, панҷум, ҳаштум ва нуҳуми банди 30-и ин Низомнома нишон додашуда мавҷуд набошанд ё ихтилофе доир ба ин бандҳо байни хабарҳои алоҳидаи иттилоотӣ дида шавад, фурӯшанда на дертар аз 3 рӯз то рӯзи баргузоршавии музояда ин музоядаро метавонад бекор намояд ва хабари бекоршавии онро дар ҳамон васоити ахбори умуме, ки хабари иттилоотӣ нашр шуда буд, интишор мекунад.
54. Агар дар хабари иттилоотӣ маълумотҳои дар сархатҳои сеюм, шашум, ҳафтуми банди 30-и ин Низомнома зикршуда мавҷуд набошанд ё ихтилофе доир ба ни сархатҳо дар байни хабарҳои алоҳидаи иттилоотӣ дида шавад, фурӯшанда на дертар аз 3 рӯз то рӯзи баргузоршавии музояда метавонад объектро аз музояда пас гирад ва дар хусуси бозпас гирифтани объект дар ҳамон васоити ахбори умуме, ки хабари иттилоотӣ чоп шуда буд, маълумот нашр мекунад.
55. Дар ҳолатҳое, ки фурӯшанда музоядаро дар мӯҳлати аз 3 рӯз пештар то рӯзи баргузоршавии он бекор менамояд ӯ вазифадор аст зарари воқеиро барои иштирокчиёни музояда ҷуброн намояд.
56. Дар ҳамаи ҳолатҳои бекоркунии музояда ё бозпас гирифтани иншоот аз музояда фурӯшанда вазифадор аст хабарро дар ин бора дар тахтаи эьлонҳо дар рӯзи қабули чунин қарор ҷой диҳад.
X. Иштироккунандагони музояда
57. Барои иштирок дар музояда шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии резидентӣ ва ҷайрирезидентӣ, ки мувофиқи тартиби дар фасли XI ин Низомнома муайяншуда аз қайд гузаштаанд, роҳ дода мешаванд.
58. Инҳо иштирокчиёни музояда шуда наметавонанд:
- шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 25% зиёд аст;
- кормандони фурӯшанда ва ташкилотчии музояда, инчунин аъзоёни комиссияи музоядавӣ;
- ҷолибони музоядаҳои қаблӣ ё намояндаҳои қонунии онҳо, ки ӯҳдадориҳои пешбининамудаи ин Низомномаро иҷро накардаанд, онҳое, ки аз ҳуқуқи иштирок дар музоядаҳои минбаъда ба мӯҳлати дувоздаҳ моҳ аз лаҳзаи баргузоршавии музоядаи дар он ҷолиб эълон шуда, маҳрум карда шудаанд;
- иштироккунандагон ва шахсони ҳузурдошта, ки ба рафти музояда кӯшиши таъсир расонидан доранд ё қоидаҳои гузаронидани онро вайрон мекунанд, мувофиқи қарори комиссияи музоядавӣ аз толори баргузории музояда бароварда шуда ба мӯҳлати дувоздаҳ моҳ аз ҳуқуқи иштирок дар музоядаҳо маҳрум карда мешаванд.
59. Фурӯшанда, ташкилотчӣ ва комиссияи музоядавӣҳуқуқ надоранд, ки:
- аз иштирокчӣ маълумотро оид ба нияти харидани ин ё он лоти дар музояда гузошташуда талаб намоянд;
- пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагиро барои аз қайд гузаштан ба сифати иштирокчӣҷайр аз ҳуҷҷатҳои дар ин Низомнома номбаршуда талаб намоянд;
- иттилоотеро, ки ба иштироккунандагони музояда иртибот дорад ё ба рафти музояда ҳангоми гузаронидани он таъсир мерасонад ошкор намоянд.
XI. Ба қайд гирифтани иштироккунандагони музояда
60. Иштироккунандагон ба толори музояда бо манзур намудани пойгир дар бораи тасдиқи қайди иштироккунанда ва шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият роҳ дода мешаванд.
61. Ба қайд гирифтани иштироккунандагони музояда аз рӯзи интишори хабари иттилоотӣ дар матбуоти ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ оҷоз шуда як соат пеш аз саршавии музояда ба поён мерасад.
62. Бақайдгирӣ дар дафтарҳои махсуси ҳар саҳифааш рақамгузорӣ шуда ва бо ришта дӯхташудаи қайди иштироккунандагони музояда барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ алоҳида аз рӯи шартҳои дар замимаҳои 1 ва 2 нишон додашуда бурда мешавад.
63. Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштироккунанда шахси воқеии резидентӣ бояд пешниҳод намояд:
- дархост барои иштирок дар музояда дар як нусха (замимаи 3).
Аризадиҳанда бланки дархостро аз фурӯшанда ё ташкилотчӣ дар толори баргузории музояда мегирад. Нарасидани бланкҳо сабаби рад кардани бақайдгирии аризадиҳанда шуда наметавонад;
- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият;
- нусхаи асли ҳуҷҷати пардохт, ки супоридани пардохти кафолатиро тасдиқ мекунад;
- ваколатномаи тавассути нотариус тасдиқшуда, ки салоҳияти намояндаи шахси воқеиро тасдиқ мекунад.
64. Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштироккунанда шахси воқеии ҷайрирезидентӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
- ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои якум, сеюм, чоруми банди 63 зикршуда;
- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо тасдиқи нотариалии тарҷума бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
65. Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштироккунанда шахси ҳуқуқии резидентӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
- дархост барои иштирок дар музояда дар як нусха (замимаи 3).
Нарасидани бланкҳо сабаби рад кардани бақайдгирии аризадиҳанда шуда наметавонад;
- нусхаи аслии ҳуҷҷати пардохт, ки супоридани пардохти кафолатиро тасдиқ мекунад;
- ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шахси аввали мансабдори шахси ҳуқуқӣ имзо ва бо мӯҳр тасдиқ шудааст ва салоҳияти намояндаи шахси ҳуқуқиро тасдиқ менамояд;
- нусхаҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи оиннома ва шаҳодатномаи аз қайд гузаштани шахси ҳуқуқӣ;
- дар ҳолати иштироки шахси аввал нусхаи фармон ё қарори маҷлиси умумӣ дар бораи таъин шудани ӯ.
66. Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштироккунанда шахси ҳуқуқии ҷайрирезидентӣҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намояд:
- ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои якум ва дуюми банди 65 зикршуда;
- нусхаи асли ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шахси аввали мансабдори шахси ҳуқуқи имзо ва бо мӯҳр тасдиқ шудааст ва салоҳияти намояндаи шахси ҳуқуқиро тасдиқ мекунад бо тасдиқи нотариалии тарҷума ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
- нусхаҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи оиннома ва шаҳодатнома оид ба аз қайд гузаштани шахси ҳуқуқӣ бо тасдиқи нотариалии тарҷума бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
- иқтибоси қонунӣ аз реестри савдо ё ҳуҷҷати дигари ба забонҳои тоҷикӣ ё русӣ тарҷумашудаи бо тариқи нотариалӣ тасдиқгардидае, ки мутобиқи қонунгузории давлати худаш шахси ҳуқуқии амалкунанда будани иштироккунандаро исбот мекунад;
- дар ҳолати иштироки шахси аввал, нусхаи фармон ё қарори маҷлиси умумӣ дар бораи таъин шуданн ӯ.
67. Фурӯшанда ё ташкилотчӣҳуқуқ надоранд, ки шахсони ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 63, 64, 65 ва 66 нишон додашудадоштаро ба қайд нагиранд.
68. Ба шахсе, ки аз қайд гузаштаааст, чунин ҳуҷҷатҳо дода мешавад:
- пойгири дархост - тасдиқи аз қайд гузаштан аз рӯи шакли дар замимаи 4 зикршуда;
- корти музоядавӣ;
- нусхаи ин Низомнома бо тарҷумаи тоҷикӣ ва русӣ мувофиқи интихоби иштироккунанда;
- рақами музоядавӣ (байрақча).
69. Баъди ба поён расидани музояда иштироккунандагон ба ташкилотчӣ нусхаи ин Низомнома ва рақами музоядавӣ (байраҷча)-ро месупоранд.
70. Истифода бурдани рақами музоядавӣ аз тарафи шахси дигар, дар ҷараёни музояда манъ аст.
XII. Гузаронидани музояда
71. Музоядаро музоядачӣ мегузаронад.
72. Музояда аз эълони қоидаҳои гузаронидани музояда оҷоз мешавад.
73. Музояда аз рӯи ҳар як лот бо эълони музоядачӣ дар бораи объекти фурӯш, тавсифи кӯтоҳи он, усули гузаронидани музояда, нархи ибтидоӣ ва қадами таҷйирёбии нарх оҷоз мешавад.
74. Мунтазамии гузоштани лотҳо дар музояда бояд ба тартиби дар хабари иттилоотӣ муқарраршуда мувофиқат кунад.
75. Ду қадами якуми таҷйирёбии нархҳо дар ҳаҷми 5% аз нархи ҷории лот муқаррар мешавад. Музоядачӣҳуқуқ дорад мустақилона қадамҳои минбаъдаро эълон намуда, нархро дар доираи аз 5% то 10% нархи ҷории лот таҷйир диҳад.
76. Иштироккунандагон ва шахсони ҳузурдошта, ки ба рафти музояда кушиши таъсир расонидан доранд ё қоидаҳои гузаронидани онро вайрон мекунанд, мувофиқи қарори комиссияи музоядавӣ аз толори баргузории музояда бароварда шуда, ба мӯҳлати дувоздаҳ моҳ аз ҳуқуқи иштирок дар музояда маҳрум карда мешаванд.
77. Натиҷаҳои музояда аз рӯи ҳар як лоти фурӯхташуда бо протоколи аз тарафи комиссияи музоядавӣ, музоядачӣ ва ҷолиб имзошуда баъди ба поён расидани музояда аз рӯи ҳар лот таҳия мешавад (замимаи 5). Музоядачӣҳуқуқ дорад, ки барои ба имзо расонидани протокол танаффус эълон намояд. Як нусхаи протокол ба харидор дода хоҳад шуд.
78. Протокол дар се нусха таҳия мешавад, яктогӣ барои фурӯшанда, харидор ва комиссияи музоядавӣ.
79. Комиссияи музояданӣ бояд ба фурӯшанда як нусхаи протоколро оид ба натиҷаҳои музояда на дертар аз як рӯзи баъди музояда сипаришуда диҳад.
80. Протоколи натиҷаҳои музояда аз рӯи лоти мазкур ҳуҷҷатест, ки натиҷаҳои музояда, инчунин ӯҳдадории ҷолиб ва фурӯшандаро барои аз рӯи нархи фурӯш бастани шартномаи хариду фурӯши объекти хусусигардонӣ сабт мекунад.
81. Ҷолиб ё фурӯшанда вазифадоранд шартномаи хариду фурӯшро дар мӯҳлати на зиёдтар аз 10 рӯзи бонкӣ аз рӯзи имзошавии протокол, ба имзо расонанд.
82. Дар сурати даст кашидани фурӯшанда аз бастани шартнома харидор ҳақ дорад ба суд дар хусуси маҷбуран бастани шартнома, инчунин ҷуброни зарарҳое, ки бинобар саркашӣ намудани фурӯшанда аз бастани шартнома ҳосил шудаанд, муроҷиат намояд.
83. Дар сурати даст кашидани комиссия аз имзои протокол, ташкилотчӣ вазифадор аст пардохти кафолатиро дар ҳаҷми дукарата баргардонад, инчунин ба шахси дар савдо бурд карда товони зарари аз иштирок дар савдо ба даст омадаро ба маблаҷи аз пардохти кафолатӣ зиёд ҷуброн намояд ва объекти мазкур ба музояда дар ҳамон сатҳ гузошта мешавад.
84. Дар сурати даст кашидани ҷолиби музояда аз имзои протоколи натиҷаи музояда ё бастани шартномаи хариду фурӯш, объекти фурӯхташуда ба музояда аз нав дар ҳамон сатҳ гузошта мешавад.
85. Дар музояда ба сифати нозирон ҳуқуқ доранд кормандони васоити ахбори умум ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намоянд.
86. Аз рӯи натиҷаи ҳар музояда протоколи ҷамъбастӣ бо шакли дар замимаи 6 омада, тартиб дода мешавад.
87. Нусхаҳои протоколи ҷамъбастӣ:
- дар тахтаи эьлонхо то охири рӯзи баргузории музояда ҷой дода шуда, бояд муддати 10 рӯз он ҷо монанд;
- барои ҳамаи иштироккунадагони хоҳишманд, ки ба шӯъбаи умумии фурӯшанда муроҷиат кардаанд, аз рӯзи аввали кории баъди гузаштани музояда бояд дастрас бошад.
XIII. Музоядаи англисӣ
88. Музоядачӣ нархи ибтидоии лот ва қадами зиёдкунии нархро эълонмекунад.
89. Дар сурате, ки ду ё зиёда иштироккунандагон рақамҳои худродар як вақт боло мекунанд, музоядачӣ нархи ибтидоии лотро ба қадамиэълоншуда баланд мекунад. Музоядачӣ рақамҳои музоядавии иштироккунандагони музоядаро эълон менамояд, нархро устувор намуда баландкунии онро пешниҳод мекунад.
90. Музояда аз рӯи лот то ҳамон лаҳзае давом мекунад, ки якиштироккунандаи нархи баландтаринро пешниҳоднамуда монад. Музоядачӣ рақами музоядавии иштироккунандаеро, ки нархи баландтаринро пешниҳоднамудааст, эълон мекунад.
91. Музоядачӣ се маротиба нархи охирини лотро такрор намуда баъдинабудани рақамҳои болошуда бо зарбаи болҷача фурӯхта шудани лотимазкурро эълон мекунад.
92. Ҳангоми 5 маротиба зиёд шудани нархи ибтидоии лот комиссияимузоядавӣ музоядаро боздошта байни иштироккунандагоне, ки ба лот 5маротибаи нархи ибтидоӣ ва аз он зиёдро пешниҳод намудаанд, музоядаипӯшида мегузаронад.
93. Музоядаи пӯшида ҳамон рӯз баъди ба поён расидани музояда азрӯи лотҳои боқимонда гузаронида мешавад.
94. Ҳангоми гузаронидани музоядаи пӯшида иштироккунандагон нархилоти мазкурро ба таври хаттӣ дар лифофаи сарпӯшида пешниҳод менамоянд(замимаи 7).
95. Комиссия лифофаҳоро бо пешниҳодот дар ҳузурииштироккунандагони лоти мазкур, худи ҳамон рӯз мекушояд.
96. Нархи дар лифофа нишон додашуда бояд аз ҳаҷми панҷ каратаинархи ибтидоӣ кам набошад.
97. Иштироккунандае, ки нархи баландтаринро пешниҳод намудааст, ҷолиби музояда дар лоти мазкур дониста мешавад.
XIV. Музоядаи ҳолландӣ
98. Музоядачӣ нархи ибтидои лотро эълон намуда харидани онро ба иштироккунандагон пешниҳод мекунад.
99. Агар ҳангоми эълон намудани нархи ибтидоӣ ду ва ё иштироккунандагони зиёдтари хоҳишманди харидории лоти мазкур рақамҳои музоядавии худро боло кунанд, музоядачӣ музоядаро аз рӯи қоидаҳои музоядаи англисӣ шурӯъ менамояд.
100. Агар баъди эълон намудани нархи ибтидоии лот хоҳишмандон барои харидории он пайдо нашаванд, музоядачӣ нархро ба бузургии қадами қайдшуда паст карда нархи навро эълон менамояд.
101. Музоядачӣ рақами шахсеро, ки аввалин шуда рақами музоядавиашро ҳангоми нархи эълоншуда бардоштааст номбар мекунад ва бо зарбаи болҷача ӯро ҷолиби лоти мазкур эълон мекунад.
102. Дар ҳолате, ки ду ва ё иштироккунандагони зиёдтар рақамҳои худро боло кардаанд, қарор оид ба кӣ рақами худро аввалин шуда боло кардааст, аз тарафи комиссияи музоядавӣ бо овоздиҳии оддӣқабул карда мешавад ва иштироккунандагон ҳуқуқи муҳокима кардани онро надоранд.
103. Агар, ҳангоми эълон кардани нархи ҳадди ақали лот аз тарафи музоядачӣ ягон нафари иштироккунандагон хоҳиши харидани лоти мазкурро надошта бошанд, лот аз музояда гирифта мешавад.
XV. Тартиби ҳисобкунӣ
104. Дар сурати ҷолиб омадани харидор ба суратҳисоби фурӯшанда боҷи комиссиониро дар ҳаҷми 5% аз нархи фурӯш, ки ба нархи фурӯши лот дохил намешавад, мепардозад.
105. Фурӯшанда ва ташкилотчӣҳақ надоранд, ки аз харидор пардохтҳои иловагиро ҷайр аз нархи фурӯши лот, пардохти комиссионӣ ва боҷ барои хариду фурӯши дар музояда баҷо овардашуда, ҷаримаҳои дар сурати ба таъхир андохтани пардохти объект, ки дар бандҳои 107, 109 нишон дода шудаанд, талаб намоянд.
106. Шартномаи хариду фурӯши объекти хусусигардонӣ ба таври хаттӣ байни фурӯшанда ё ташкилотчӣ, вақте, ки ин ҳуқуқ мутобиқи банди 10 ба ӯ супорида шуда бошад ва харидор (замимаи 8) дар муддати на кам аз 10 рӯзи бонкӣ аз рӯзи гузаронидани музояда бо риояи талаботи дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, баста мешавад.
107. Ҳисобкунӣ оид ба шартномаи хариду фурӯш байни фурӯшанда ва харидор сурат мегирад Зимнан харидор бо тартиби зерин ҳисобу китоб мекунад:
- пардохт дар ҳаҷми на кам аз 15% аз нархи фурӯши объект дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯзи бонкӣ аз рӯзи имзошавии шартномаи хариду фурӯш пардохтамешавад. Пардохти кафолатӣ ба ҳисоби пардохтҳои анҷомдодашаванда дароварда мешавад;
- маблаҷи боқимонда, бояд на дертар аз 30 рӯзи бонкӣ аз рӯзи имзои шартномаи хариду фурӯш пардохта шавад.
108. Ҳангоми иҷро накардани ӯҳдадорин пардохти нархи фурӯши объект аз тарафи харидор, ки дар сархати якуми банди 107 омадааст, фурӯшанда вазифадор аст шартномаро ба тарзи яктарафа қатъ карда, харидорро дар муддати 30 рӯзи таъхир кардани пардохт дар бораи қатъ кардани шартнома огоҳ намояд.
109. Ҳангоми иҷро накардани ӯҳдадории пардохти нархи фурӯши объект аз тарафи харидор, ки дар сархат дуюми банди 107 омадааст, фурӯшанда вазифадор аст шартномаро ба таври яктарафа қатъ карда харидорро дар муддати 30 рӯз аз рӯзи таъхир кардани пардохт дар бораи қать намудани шартнома огоҳ намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки харидор на камтар аз 50% нархи фурӯши объектро пардохтааст. Дар ин ҳолат мӯҳлати охирини пардохт ба 60 рӯзи бонкӣ дароз карда мешавад ва барои ҳар рӯзи бонкии таъхир, аз 31 рӯзи бонкӣ аз рӯзи имзои шартнома ҷарима ба ҳаҷми 0.2% аз маблаҷи нопардохтаи нархи объект, ситонида мешавад. Ҷарима аз маблаҷи қаблан пардохтнамудаи харидор бароварда мешавад.
Агар нархи фурӯш ба ҳаҷми пуррааш дар мӯҳлати дарозкардашудапардохта нашавад, фурӯшанда вазифадор аст шартномаро ба таври яктарафа қатъ карда харидорро дар мӯҳлати 30 рӯз аз рӯзи ба таъхир андохтанипардохт, дар бораи қатъ кардани шартнома огоҳ намояд. Дар ин ҳолат бахаридор маблаҷи пардохташуда, ки аз он пардохти кафолатӣ ва ҷаримабароварда шудааст, дар муддати 5 рӯзи бонкӣ аз рӯзи гузаштани мӯҳлатидарозкунӣ, баргардонида мешавад.
XVI. Гузариши ҳуқуқи соҳибмулкӣ
110. Дар муддати се рӯзи бонкӣ аз лаҳзаи пардохти пурраи нархилот, аммо на дертар аз 30 рӯзи бонкӣ аз рӯзи гузаронидани музояда,фурӯшанда ва харидор бояд санади супурдану қабул кардани объектро имзокунанд (замимаи 9).
111. Дар ҳолати фурӯши бастаи саҳмияҳо санади супурдану қабулкардани саҳмияҳо, ки бо тартиби дар ин Низомнома пешбинишуда имзомекунад.
