Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар соли 2021

 

Корхонаи воњиди давлатї оид ба ташкили фурўши амволи давлатї вобаста ба иљрои ќарорњои Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї, њайати мушовараи Кумита ва дастуру супоришњои роњбарияти Кумита дар самти амалигардонии вазифањои базиммадошта оид ба таъмини суратбахшии љараёни хусусигардонї ва истифодабарии самараноки моликияти давлатї, тавассути ташкилу баргузории музоядањо ва озмунњои шаффофу ошкорбаёна бо маќсади фурўш ва ба иљора супоридани моликияти давлатї дар соли 2021 маълумоти мазкурро эњтиромона манзур менамояд.

Дар соли 2021 ба КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатї бо маќсади фурўши моликияти давлатї дар маљмўъ 20 адад ќарорњои њайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон ворид гардида, дар ин замина 37 музояда, аз љумла, 6 музоядаи фурўши иншоотњои ѓайриманќул, 11 музояда оид ба фурўши воситањои наќлиёт, 11 музоядаи фуруши пораву партовҳои металҳои сиёҳ ва ранга, инчунин 9 музояда оид ба фурўши амволҳои ҳабсгардида баргузор карда шуд.

         Аз натиљаи музоядањои баргузоршуда, дар соли љорї, њангоми ба савдо баровардани 3 иншооти ѓайриманќул дар натиља 3 иншоот ба фурўхта шуд.

Дар давраи њисоботї тариќи музоядањо 62 адад воситањои наќлиётї ба савдо гузошта шуда, дар натиљаи савдоњо 34 адад воситаҳои наќлиёт фурўхта шуд.

Дар мавриди фурўши пораву партовњои металлњои сиёњ ва рангаи аз эътибор соќит намудаи воситањои асосии корхонаю ташкилотњои давлатї, иттилоъ медиҳем, ки дар давраи ҳисоботии соли 2021 дар маљмўъ 2005,82 тонна пораву партовњои металлњои сиёњ, чуян ва ранга фурўхта шуд.

Дар давраи њисоботї КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатї 9 музояда оид ба ташкили фурўши амволњои њабсгардида барои ба савдои музоядавї баровардани таљњизотњо ва амволҳои људогона баргузор намуд, ки дар натиљаи савдоњо 75 адад амволњои њабсгардида ва дигар амволи мусодирагардида фурўхта шуд.

          Бањри иљрои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиќи Тартиби ба иљора супоридани амволи давлатї» ва ќарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон аз 3 январи соли 2012 №3 Корхонаи воњиди давлатї оид ба ташкили фурўши амволи давлатї дар соли 2021 дар асоси супоришњои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатї љињати ба иљора супоридани амволи давлатї 15 озмун барпо намуд, ки тавасути он 402 адад иншооти давлатї ба иљора супорида шудааст.

Дар маљмуъ, ба њолати 29 декабри соли 2021-ум 766 адад шартнома мавриди амал ќарор дорад. Аз љумла, тавассути КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатї 606 адад шартномањо, тавассути бахши Суѓдии КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатї 110 адад шартномањо ва тавассути Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатї 50 адад шартнома баста шудааст.

Баҳри иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-Ф аз 27 феврали соли 2020 оид ба иҷора супоридани масоҳатҳои МД “Маркази ҷумҳурявии хизматрасониҳои фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ-и Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди супоришҳои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ озмунҳо баргузор гардида дар соли 2021 дар натиҷа 59 шартномаҳои иҷораи амволи давлатӣ баста шуд, ки ин маблаѓи иљорапулї ба суратњисоби махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад.

Дар ин љода, дар соли 2021 КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатї тибќи тартиби муќарраргардида ба Хазинадории марказии назди Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон маблаѓњоро аз њисоби фурўши моликияти давлатї ва ба иљора супоридани амволи давлатї интиќол намуд.

Дар соли 2021 оид ба баргузории музоядањо ва озмуни иҷораи амволи давлатӣ дар рўзномањои љумњуриявї мувофиќи талаботњои Низомномаи «Тартиби фурўши объектњои моликияти давлатї дар музоядањо» 52 – ахбори пурраи иттилоотї чоп карда шуда, бо маќсади љалби бештари иштирокчиён ба музоядањо ва таъмини шаффофият раванди мазкур дар сомонаи интернетии Корхонаи воњиди давлатї оид ба ташкили фурўши амволи давлатї эълону маълумотњои пурра оид ба баргузории музоядањои фурўши амволњои давлатї бо дарљи аксу маълумотњои техникии иншоотњо мунтазам инъикос мегарданд.