ҲИСОБОТ оид ба натиҷаи фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар соли 2023

 

 Ҳисобот

оид ба натиҷаи фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар соли 2023

Корхонаи воњиди давлатї оид ба ташкили фурўши амволи давлатї вобаста ба иљрои ќарорњои Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї, њайати мушовараи Кумита ва дастуру супоришњои роњбарияти Кумита дар самти амалигардонии вазифањои базиммадошта оид ба таъмини суратбахшии љараёни хусусигардонї ва истифодабарии самараноки моликияти давлатї, тавассути ташкилу баргузории музоядањо ва озмунњои шаффофу ошкорбаёна бо маќсади фурўш ва ба иљора супоридани моликияти давлатї дар соли 2023 маълумоти мазкурро эњтиромона манзур менамояд.

Дар соли 2023 ба КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатї бо маќсади фурўши моликияти давлатї дар маљмўъ 33 адад ќарорњои њайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон ворид гардида, дар ин замина 43 музояда, аз љумла, 2 музоядаи фурӯши саҳмияҳои давлатӣ, 4 музоядаи иншоотҳои ғайриманқул, 24 музояда оид ба фурўши воситањои наќлиёт, 3 музоядаи фуруши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, инчунин 10 музояда оид ба фурўши амволҳои ҳабсгардида баргузор намуд.

Зимни музоядањои мазкур, њангоми ба савдо баровардани бастаи саҳмияҳои 2 ҷамъияти саҳҳомӣ фурўхта шуд.    

Инчунин дар соли 2023-ум 7 адад иншоотҳои ғайриманқул фурухта шуд, ки маблағи онҳо пурра пардохт гардид.

Дар давраи њисоботї тариќи музоядањо 425 адад воситањои наќлиётї ба савдо гузошта шуда, дар натиљаи савдоњо 140 адади он фурўхта шуд.

Дар мавриди фурўши пораву партовњои металлњои сиёњ ва рангаи аз эътибор соќит намудаи воситањои асосии корхонаю ташкилотњои давлатї, иттилоъ медиҳем, ки дар давраи ҳисоботии соли 2023 дар маљмўъ 3294,794 тонна пораву партовњои металлњои сиёњ, чуян ва ранга фурўхта шуд. Аз ҷумла: 3230,247 тонна пораву партовњои металлњои сиёњ, 50,441 тонна пораву партовњои металлњои чуян ва 14,106 тонна пораву партовњои металлњои ранга. 

Дар давраи њисоботї КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатї         10 музояда оид ба ташкили фурўши амволњои њабсгардида барои ба савдои музоядавї баровардани таљњизотњо ва амволҳои људогона баргузор намуд, ки дар натиљаи савдоњо 96 адад амволњои њабсгардида ва дигар амволи мусодирагардида фурўхта шуд.

Фуруш ва ба иҷора супордани амволҳои бонкҳо

 Аз ҳисоби амволҳои ҶСК “Агроинвестбонк” 5 иншоот тавассути музояда фурухта шуда, 32 адад амволҳои бонк ба иҷора дода шуд. Инчунин аз ҳисоби амволҳои ҶСК “Фононбонк” 8 иншоот тавассути музояда фурухта шуд.

Бањри иљрои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиќи Тартиби ба иљора супоридани амволи давлатї» ва ќарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон аз 3 январи соли 2012 №3 Корхонаи воњиди давлатї оид ба ташкили фурўши амволи давлатї дар соли 2023 дар асоси супоришњои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатї љињати ба иљора супоридани амволи давлатї 15 озмун барпо намуд, ки тавасути он 579 адад иншооти давлатї ба иљора супорида шудааст.

Дар маљмуъ дар соли 2023-ум 892 адад шартнома дар масоҳати 345355,93 м.м. мавриди амал ќарор дорад. Аз љумла, тавассути КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатї 681 адад шартнома, тавассути бахши Хатлонии КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатї 20 адад шартнома ва тавассути бахши Суғдии КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатї 152 адад шартномањо баста шуд. Инчунин тавассути Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатї 39 адад шартнома баста шудааст.

 

Баҳри иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-Ф аз 27 феврали соли 2020 оид ба иҷора супоридани масоҳатҳои МД “Маркази ҷумҳурявии хизматрасониҳои фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ-и Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди супоришҳои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ озмунҳо баргузор гардида дар солҳои 2021 – 2023 дар натиҷа 102 шартномаҳои иҷораи амволи давлатӣ баста шуд, ки ин маблаѓҳои иљорапулї ба суратњисоби махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад.

Дар ин ҷода, дар соли 2023 КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатї тибќи тартиби муќарраргардида ба Хазинадории марказии назди Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон ҳамаи маблаѓњоро аз њисоби фурўши моликияти давлатї ва ба иљора супоридани амволи давлатї ва аз ҳисоби фуруши амволҳои бонк фурўхташуда пурра интиќол намуд.

Дар давраи ҳисоботи оид ба баргузории музоядањо ва озмуни иҷораи амволи давлатӣ дар рўзномањои љумњуриявї мувофиќи талаботњои Низомномаи «Тартиби фурўши объектњои моликияти давлатї дар музоядањо» зиёда аз 58 – ахбори пурраи иттилоотї чоп карда шуда, бо маќсади љалби бештари иштирокчиён ба музоядањо ва таъмини шаффофият раванди мазкур дар сомонаи интернетии Корхонаи воњиди давлатї оид ба ташкили фурўши амволи давлатї эълону маълумотњои пурра оид ба баргузории музоядањои фурўши амволњои давлатї бо дарљи аксу маълумотњои техникии иншоотњо мунтазам инъикос мегарданд.