Корхонаи воҳиди давлатии оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон « 20 » июли соли 2022 музоядаи № 23-ро оид ба фурӯши амволҳои мусодирагардидаро барпо менамояд.
1.Флешкорт 3-адад, Нархи ибтидоӣ 240 сомонӣ.
2.Монитори тамғаи «LG» (истифодашуда) 1-адад. Нархи ибтидоӣ 600 сомонӣ.
3.Монитори тамғаи «НКС» (истифодашуда) 1-адад. Нархи ибтидоӣ 290 сомонӣ .
4.Видеокамераи “Дрон” » (истифодашуда) 1-адад. Нархи ибтидоӣ 5700 сомонӣ.
5.Фотоапарати тамғаи “Никон ” (истифодашуда) 1-адад. Нархи ибтидоӣ 1200 сомонӣ.
6.Фотоапарати тамғаи “”V-Geаr ” (истифодашуда) 1-адад, Нархи ибтидоӣ 1100 сомонӣ .
7.Видеокамераи тамғаи “DJI” (истифодашуда) 1-адад. Нархи ибтидоӣ 5600 сомонӣ.
8.Фотоапарати тамғаи “Кенон ” (истифодашуда) 1-адад. Нархи ибтидоӣ 1800 сомонӣ .
9.Клавиатура (истифодашуда) 1-адад. Нархи ибтидоӣ 7 сомонӣ.
10.Мушаки компютер (истифодашуда) 1-адад. Нархи ибтидоӣ 90 сомонӣ.
Қабули дархостҳо барои иштирок кардан дар савдо ва ба қайд гирифтани иштироккунандагон аз рӯзи нашр шудани эълони мазкур дар Корхонаи воҳиди давлати оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонаи шаҳри Душанбе, кучаи Теҳрон 21 ошёнаи 2-ми "Маҷмаи амвол" оғоз ёфта ва як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад.
Ҷои баргузоршавии музояда ш. Душанбе, кучаи Теҳрон 21, тел: 221-73-74.
Фурӯш бо усули “Англисӣ” сурат мегирад.
Музояда соати 10.00 барпо мегардад.
Пардохти кафолатнок барои иштирок кардан дар музояда ба 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот баробар аст. Пардохти кафолатнок бо тариқи нақдӣ ба кассаи Корхона ё ғайринақдӣ ба суратҳисоби Корхона супорида мешавад.
Дар ҳолати ғолиб баромадан, харидор ба ҳисоби фурӯшанда ба миқдори панҷ фоиз маблағи комиссионӣ ва 0,5 фоиз боҷи давлатӣ аз арзиши фурӯши иншоот месупорад, ки он ба нархи фурӯши лот дохил намешавад. Ғолиби музояда он касе дониста мешавад, ки нархи аз ҳама баландро пешниҳод кунад.
Маълумоти иловагиро оиди гузаронидани музояда бо нишонии зерин фаҳмидан мумкин аст: ш. Душанбе, кучаи Теҳрон 21, тел: 221-49-87, 221-73-74. ва сомонаи интернетии Корхонаи воҳиди давлатии оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ WWW.MUZOYADA-KVD.TJ гирифтан мумкин аст.
