Амволҳои ба фоидаи давлат мусодирагардида

 

 Корхонаи воҳиди давлатии оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон « 06 » декабри соли 2022 музоядаи № 34 ва №35  оид ба фурӯши амволҳои мусодирагардидаро барпо менамояд.                

                        Музоядаи № 34

1

Маҳсулоти қаннодӣ

197 қуттӣ, 422,5 кг.

10140

сомонӣ

2

Маҳсулоти сақич

50 қуттӣ, 400 кг.

5000

сомонӣ

                         Музоядаи № 35 

1

Оби нушокии газноки навъи “Горилла”

480 адад

4320

сомонӣ

 

     Қабули дархостҳо барои иштирок кардан дар савдо ва ба қайд гирифтани иштироккунандагон аз рӯзи нашр шудани эълони мазкур дар Корхонаи воҳиди давлати оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонаи шаҳри Душанбе, кучаи Теҳрон 21 ошёнаи 2-ми "Маҷмаи амвол" оғоз ёфта ва як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад.

Ҷои баргузоршавии музояда ш. Душанбе, кучаи Теҳрон 21, тел: 221-73-74.

Фурӯш бо усули “Англисӣ” сурат мегирад.

Музояда соати 10.00 барпо мегардад.

Пардохти кафолатнок барои иштирок кардан дар музояда ба 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот баробар аст. Пардохти кафолатнок бо тариқи нақдӣ ба кассаи Корхона ё ғайринақдӣ ба суратҳисоби Корхона супорида мешавад.

Дар ҳолати ғолиб баромадан, харидор ба ҳисоби фурӯшанда ба миқдори панҷ фоиз маблағи комиссионӣ ва 0,5 фоиз боҷи давлатӣ аз арзиши фурӯши иншоот месупорад, ки он ба нархи фурӯши лот дохил намешавад. Ғолиби музояда он касе дониста мешавад, ки нархи аз ҳама баландро пешниҳод кунад.

      Маълумоти иловагиро оиди гузаронидани музояда бо нишонии зерин фаҳмидан мумкин аст: ш. Душанбе, кучаи Теҳрон 21, тел: 221-49-87, 221-73-74. ва сомонаи интернетии Корхонаи воҳиди давлатии оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ WWW.MUZOYADA-KVD.TJ гирифтан мумкин аст.  


Мо дар шабакахо интернет  

 
Силкаҳои лозима