Амволҳои мусодирагардида

 

Корхонаи воҳиди давлатии оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «14» августи соли 2025 музоядаи № 27-ро оид ба фурӯши амволҳои мусодирагардидаро барпо менамояд. 

 

Номгуи амвол

Воҳиди ченак

Миқдор

Нархи ибтидоӣ

1

Компютери (ноутбуки) тамғаи “Ленова”

адад

1

750

2

Маҳсулоти тамокуи навъи “Esse change” ва “Мilano

қуттича

220

1386

3

Изоляторҳои барқии истеҳсоли Ҷумҳурии Узбекистон

адад

89

15450,4

4

Тамокуҳои гуногунтамғаи истеҳсоли Ҷумҳурии Хитой (347 қуттӣ)

қуттича

3470

18738

5

Нушокиҳои спиртӣ (арақ) дар зарфҳои ғунҷоишашон 0,475 ва 0,500 мл. (миқдори умумиашон 114 адад аз ҷумла 60 адад 0,475 мл. ва 54 адад 0,500 мл.)

литр

55,5

18648

6

Нушокиҳои спиртӣ (спирт) дар зарфҳои ғунҷоишашон 2 л. ва 5л. (миқдори умумиашон 24 адад аз ҷумла 17 адад 5 л. ва 7 адад 2 л.)

литр

69

4761

7

Нушокиҳои спиртӣ (арақҳои дар қуттичаҳо бандубасткардашудаи гуногунҳаҷми тамғаҳои MOUNTAL GUIZHOU ва ғайра) дар зарфҳои ғунҷоишашон 0,250 ва 0,500 мл. (миқдори умумиашон 65 адад аз ҷумла 41 адад 0,25 мл. ва 24 адад 0,500 мл.)

литр

22,25

12922,8

8

Телефони мобилии тамғаи “Iphone 15 pro

адад

1

6500

9

Телефони мобилии тамғаи “Iphone 14 pro max

адад

1

5300

 

            Қабули дархостҳо барои иштирок кардан дар савдо ва ба қайд гирифтани иштироккунандагон аз рӯзи нашр шудани эълони мазкур дар Корхонаи воҳиди давлати оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонаи шаҳри Душанбе, кучаи Теҳрон 21 ошёнаи 2-ми "Маҷмаи амвол" оғоз ёфта ва як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад.

Ҷои баргузоршавии музояда ш. Душанбе, кучаи Теҳрон 21, тел: 221-73-74.

Фурӯш бо усули “Англисӣ” сурат мегирад. Музояда соати 10.00 барпо мегардад.

Пардохти кафолатнок барои иштирок кардан дар музояда ба 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот баробар аст. Пардохти кафолатнок бо тариқи ғайринақдӣ ба суратҳисоби Корхона супорида мешавад.

Дар ҳолати ғолиб баромадан, харидор ба ҳисоби фурӯшанда ба миқдори панҷ фоиз маблағи комиссионӣ ва 0,5 фоиз боҷи давлатӣ аз арзиши фурӯши иншоот месупорад, ки он ба нархи фурӯши лот дохил намешавад. Ғолиби музояда он касе дониста мешавад, ки нархи аз ҳама баландро пешниҳод кунад.

      Маълумоти иловагиро оиди гузаронидани музояда бо нишонии зерин фаҳмидан мумкин аст: ш. Душанбе, кучаи Теҳрон 21, тел: 221-49-87, 221-73-74. ва сомонаи интернетии Корхонаи воҳиди давлатии оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ WWW.MUZOYADA-KVD.TJ гирифтан мумкин аст.  

 


Мо дар шабакахо интернет  

 
Силкаҳои лозима