Амволҳои мусодирагардида

 Корхонаи воҳиди давлатии оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «22» августи соли 2025 музоядаи № 29-ро оид ба фурӯши амволҳои мусодирагардидаро барпо менамояд.  

Номгуи амвол

Воҳиди ченак

Миқдор

Нархи ибтидоӣ

1

Скутерҳои барқии тамғаи “Kivimax

адад

40

36 800

2

Аккумуляторҳои тамғаи “6-DZF-20.3

адад

200

21 436

              Қабули дархостҳо барои иштирок кардан дар савдо ва ба қайд гирифтани иштироккунандагон аз рӯзи нашр шудани эълони мазкур дар Корхонаи воҳиди давлати оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонаи ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 40 оғоз ёфта ва як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад.

Ҷои баргузоршавии музояда ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 40, тел: 221-73-74. 

Фурӯш бо усули “Англисӣ” сурат мегирад. Музояда соати 10.00 барпо мегардад.

Пардохти кафолатнок барои иштирок кардан дар музояда ба 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот баробар аст. Пардохти кафолатнок бо тариқи ғайринақдӣ ба суратҳисоби Корхона супорида мешавад.

Дар ҳолати ғолиб баромадан, харидор ба ҳисоби фурӯшанда ба миқдори панҷ фоиз маблағи комиссионӣ ва 0,5 фоиз боҷи давлатӣ аз арзиши фурӯши иншоот месупорад, ки он ба нархи фурӯши лот дохил намешавад. Ғолиби музояда он касе дониста мешавад, ки нархи аз ҳама баландро пешниҳод кунад.

      Маълумоти иловагиро оиди гузаронидани музояда бо нишонии зерин фаҳмидан мумкин аст: ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 40, тел: 221-49-87, 221-73-74. ва сомонаи интернетии Корхонаи воҳиди давлатии оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ WWW.MUZOYADA-KVD.TJ гирифтан мумкин аст. 

 


Мо дар шабакахо интернет  

 
Силкаҳои лозима