Корхонаи воҳиди давлатии оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон « 04 » марти соли 2026 музоядаи № 8-ро оид ба фурӯши амволҳои мусодирагардидаро барпо менамояд.
- Ролтони “Hot Lunch”, 250 қуттӣ, ба миқдори 1075 кг. Нархи ибтидоӣ 29936 сомонӣ.
Қабули дархостҳо барои иштирок кардан дар савдо ва ба қайд гирифтани иштироккунандагон аз рӯзи нашр шудани эълони мазкур дар Корхонаи воҳиди давлати оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 40 оғоз ёфта ва як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад.
Ҷои баргузоршавии музояда ш. Душанбе, Душанбе, хиёбони Рудакӣ 40, тел: 221-73-74.
Фурӯш бо усули “Англисӣ” сурат мегирад.
Музояда соати 10.00 барпо мегардад.
Пардохти кафолатнок барои иштирок кардан дар музояда ба 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот баробар аст. Пардохти кафолатнок бо тариқи ғайринақдӣ ба суратҳисоби Корхона супорида мешавад.
Дар ҳолати ғолиб баромадан, харидор ба ҳисоби фурӯшанда ба миқдори панҷ фоиз маблағи комиссионӣ ва 0,5 фоиз боҷи давлатӣ аз арзиши фурӯши иншоот месупорад, ки он ба нархи фурӯши лот дохил намешавад. Ғолиби музояда он касе дониста мешавад, ки нархи аз ҳама баландро пешниҳод кунад.
Маълумоти иловагиро оиди гузаронидани музояда бо нишонии зерин фаҳмидан мумкин аст: ш. Душанбе, Душанбе, хиёбони Рудакӣ 40, тел: 221-49-87, 221-73-74. ва сомонаи интернетии Корхонаи воҳиди давлатии оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ WWW.MUZOYADA-KVD.TJ гирифтан мумкин аст.
