Амволҳои мусодирагардида

 

Корхонаи воҳиди давлатии оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон « 28 » апрели соли 2026 музоядаи № 1-ро оид ба фурӯши амволҳои мусодирагардидаро барпо менамояд.                

 

№ р/т

Номгуи амволи мусодирашуда

Миқдор

Арзиши баҳодода-шуда (бо сомонӣ)

Мавқеи ҷойгиршавӣ

1

Маҳсулоти тамокуи тамғаи “MILANO”

3445 қуттӣ

20670

МИХД-и

ВМКБ

2

Маҳсулоти тамокуи тамғаи “ESSE CHANGE”

250 қуттӣ

2500

МИХД-и

ВМКБ

3

Маҳсулоти тамокуи тамғаи “MOMENTO”

156 қуттӣ

936

МИХД-и

ВМКБ

 

     Қабули дархостҳо барои иштирок кардан дар савдо ва ба қайд гирифтани иштироккунандагон аз рӯзи нашр шудани эълони мазкур дар Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 40 ошёнаи 9-ум, оғоз ёфта ва як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад.

Ҷои баргузоршавии музояда – Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кучаи Шоҳтемур 26. тел: 224-72.        

Фурӯш бо усули Англисӣ  сурат мегирад

Музояда соати  10.00 барпо мегардад.   

Пардохти кафолатнок барои иштирок кардан дар музояда ба 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот баробар аст. Пардохти кафолатнок бо тариқи ғайринақдӣ ба суратҳисоби Корхона супорида мешавад. Дар ҳолати ғолиб баромадан, харидор ба ҳисоби фурӯшанда ба миқдори панҷ фоиз маблағи комиссионӣ ва 0,5 фоиз боҷи давлатӣ аз арзиши фурӯши иншоот  месупорад, ки он ба нархи фурӯши лот дохил намешавад. Ғолиби музояда он касе дониста мешавад, ки нархи аз ҳама баландро пешниҳод менамояд.

Маълумоти иловагиро оиди гузаронидани музояда бо нишонии зерин фаҳмидан мумкин аст: шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 40, тел: 221-49-87,  221-73-74. ва шаҳри Хоруғ, кучаи Шоҳтемур 26. тел: 224-72. инчунин дар сомонаи Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ WWW.MUZOYADA-KVD.TJ гирифтан мумкин аст.

      


Мо дар шабакахо интернет  

 
Силкаҳои лозима