Озмуни иҷораи амволи давлатӣ

 Варақаи озмунӣ №1 оид ба иҷора супоридани амволи давлатӣ, ки «12» январи соли 2024 дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон 21, ошёнаи 2-юм ва шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ленин 47/1, Тел: 4-52-91 баргузор мегардад.

№№ б/т

Дорандаи баланс

Суроға

Тавзеҳоти объекти иҷора

Таъйинот

Нархи ибтидоии солонаи объекти иҷора

Муҳлати иҷора

 1

Донишгоҳхи давлатии Данғара

шаҳраки Данғара, к.Марказӣ 25

масоҳати 300 м.м. ва 23 адад номгуи воситаҳои асоси аз ҳисоби бинои №6-и Маркази таълими-тренингии "Таомҳои халқҳои ҷаҳон"

хуроки умумӣ

27000

3 сол

Маркази алоқаи Почтаи ноҳияи Данғара

н.Данғара, к.Марказӣ 1

2 утоқи кори дар ошёнаи якум, масоҳаташ 44 м.м.

маъмури ва савдо

2940

3 сол

Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия"

ш.Кулоб, к/з Ҳамадонӣ

масоҳати 9 м.м. аз ҳисоби ҳудуди корхона

техникӣ

5400

1 сол

ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Кулоб"

ш.Кулоб, ҷамоати Зиракӣ, д.Бахтобод

масоҳати 18 м.м. аз ҳисоби толори фурудгоҳ

савдо

2400

1 сол

 Қабули дархостҳо барои иштирок дар озмун ва ба қайд гирифтани иштироккунандагон аз рӯзи нашр шудани эълони мазкур дар ш. Душанбе, кучаи Теҳрон 21 оғоз ёфта ва як соат пеш аз саршавии озмун анҷом меёбад. Ҷойи баргузории озмун ш.Душанбе, кӯчаи Теҳрон 21. Тел 221-73-74, 221-33-66 ва ш. Хуҷанд, кучаи Ленин 47/1. тел: (83422) 4-52-91, мобилї: 92-758-00-96

Озмун соати 10-00 баргузор мегардад. Пардохти кафолатнок барои иштирок кардан дар озмун ба даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як иншоот баробар аст. Пардохти кафолатнок тариқи ғайринакди ба суратиҳисоби Корхона супорида мешавад. Дар ҳолати ғолиб баромадан, Иҷорагир ба ҳисоби Корхона боҷи камиссиониро ба андозаи 5 фоиз аз ҳаҷми иҷорапули солона ба суратҳисоби Корхона ва боҷи давлатиро ба андозаи 0,1 фоиз аз ҳаҷми иҷорапули солона ба суратҳисоби дахлдор пардохт менамояд.ки ин маблағҳо ба арзиши иншоот иҷора дохил намешавад. Ғолиби озмун он кассе дониста мешавад, ки нархи аз ҳама баландро пешниҳод кунад. Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани озмун ба нишони зерин: ш. Душанбе, к.Теҳрон 21, тел: 221-33-66 221-49-87 221-73-74 сомонаи интернетии Корхонаи воҳиди давлатиӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ ва сомонаи интернетии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтан мумкин аст.


Мо дар шабакахо интернет  

 
Силкаҳои лозима