Пораву партовҳои металҳо

  Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон савдои музоядавии № 5 оид ба фуруши пораву партовҳои метали сиёҳ ва рангаро “ 02 ” fduecnb соли 2022 барпо менамояд. 

1. 15,339 тонна пораву партовҳои металҳои сиёҳи Ҷамъияти саҳомии кушодаи

“Маркази барқу гармидиҳии Душанбе” . воқеъ дар ш. Душанбе, бо нархи ибтидоӣ 15339 сомонӣ

2. 12,576 тонна пораву партовҳои металҳои сиёҳи Ҷамъияти саҳомии кушодаи

“Хадамоти таъминоти моддию техникӣ” . воқеъ дар ш. Душанбе, бо нархи ибтидоӣ 12576 сомонӣ

3. 3,719 тонна пораву партовҳои металҳои сиёҳи чуяни Ҷамъияти саҳомии кушодаи

“Хадамоти таъминоти моддию техникӣ” . воқеъ дар ш. Душанбе, бо нархи ибтидоӣ 2975,2 сомонӣ

4. 1,58 тонна пораву партовҳои металҳои рангаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи

“Маркази барқу гармидиҳии Душанбе” . воқеъ дар ш. Душанбе, бо нархи ибтидоӣ 20540 сомонӣ

5. 0,0052 тонна пораву партовҳои металҳои рангаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи

“Маркази барқу гармидиҳии Душанбе” . воқеъ дар ш. Душанбе, бо нархи ибтидоӣ 67,6 сомонӣ

      Қабули дархостҳо барои иштирок кардан дар савдо ва ба қайд гирифтани иштироккунандагон аз рӯзи нашр шудани эълони мазкур дар Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонаи шаҳри Душанбе, кучаи Теҳрон 21 ошёнаи 2-ми "Маҷмаи амвол", оғоз ёфта ва як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад.

       Ҷои баргузоршавии музояда – ш. Душанбе, кучаи Теҳрон 21, тел: 221-73-74

       Фурӯш бо усули Англисї сурат мегирад

       Музояда соати 10.00 барпо мегардад.

Пардохти кафолатнок барои иштирок кардан дар музояда ба 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот баробар аст. Пардохти кафолатнок бо тариқи нақдї ба кассаи Корхона ё ғайринақдӣ ба суратҳисоби Корхона супорида мешавад. Дар ҳолати ғолиб баромадан, харидор ба ҳисоби фурӯшанда ба миқдори панҷ фоиз маблағи комиссионӣ ва 0,5 фоиз боҷи давлатӣ аз арзиши фурӯши иншоот месупорад, ки он ба нархи фурӯши лот дохил намешавад. Ғолиби музояда он касе дониста мешавад, ки нархи аз њама баландро пешниҳод менамояд.

Маълумоти иловагиро оиди гузаронидани музояда бо нишонии зерин фањмидан мумкин аст: ш. Душанбе, кучаи Теҳрон 21, тел: 221-49-87, 221-73-74. ва сомонаи интернетии Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ WWW.MUZOYADA-KVD.TJ гирифтан мумкин аст.


Мо дар шабакахо интернет  

 
Силкаҳои лозима