Пораву партовҳои металҳои сиёҳ, чуян ва ранга

 Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон савдои музоядавии № 10 оид ба фуруши пораву партовҳои металҳоро “ 09 ” ноябри соли 2022 барпо менамояд.  

  1. 1.55,0 тонна пораву партовҳои металҳои сиёҳ ва чуяни ҶСК “НБО Роғун”, бо нархи ибтидоӣ 26950 сомонӣ.
  2. 2.619,6 тонна пораву партовҳои металҳои сиёҳ ва чуяни ҶСК “Сохтмони асосӣ” (Ҷамъияти саҳомии фаръии “Сохтмони асосӣ”-и ҶСК “НБО Роғун”), бо нархи ибтидоӣ 303604 сомонӣ.
  3. 3.1,086 тонна пораву партовҳои металҳои ранга ҶСК “Сохтмони асосӣ” (Ҷамъияти саҳомии фаръии “Сохтмони асосӣ”-и ҶСК “НБО Роғун”), бо нархи ибтидоӣ 14118 сомонӣ.
  4. 4.232,0 тонна пораву партовҳои металҳои сиёҳ ҶСК “Сементи Тоҷик”, бо нархи ибтидоӣ 113680 сомонӣ.
  5. 5.0,510 тонна пораву партовҳои металҳои ранга ҶСК “Сементи Тоҷик”, бо нархи ибтидоӣ 6630 сомонӣ.

      Қабули дархостҳо барои иштирок кардан дар савдо ва ба қайд гирифтани иштироккунандагон аз рӯзи нашр шудани эълони мазкур дар Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонаи шаҳри Душанбе, кучаи Теҳрон 21 ошёнаи 2-ми "Маҷмаи амвол", оғоз ёфта ва як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад.

       Ҷои баргузоршавии музояда – ш. Душанбе, кучаи Теҳрон 21, тел: 221-73-74

       Фурӯш бо усули Англисї сурат мегирад

       Музояда соати 10.00 барпо мегардад.

Пардохти кафолатнок барои иштирок кардан дар музояда ба 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот баробар аст. Пардохти кафолатнок бо тариқи нақдї ба кассаи Корхона ё ғайринақдӣ ба суратҳисоби Корхона супорида мешавад. Дар ҳолати ғолиб баромадан, харидор ба ҳисоби фурӯшанда ба миқдори панҷ фоиз маблағи комиссионӣ ва 0,5 фоиз боҷи давлатӣ аз арзиши фурӯши иншоот месупорад, ки он ба нархи фурӯши лот дохил намешавад. Ғолиби музояда он касе дониста мешавад, ки нархи аз њама баландро пешниҳод менамояд.

Маълумоти иловагиро оиди гузаронидани музояда бо нишонии зерин фањмидан мумкин аст: ш. Душанбе, кучаи Теҳрон 21, тел: 221-49-87, 221-73-74. ва сомонаи интернетии Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ WWW.MUZOYADA-KVD.TJ гирифтан мумкин аст.


Мо дар шабакахо интернет  

 
Силкаҳои лозима