Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон савдои музоядавии № 4 оид ба фуруши пораву партовҳои металҳои сиёҳро “16 ” ноябри соли 2023 барпо менамояд.
- 105,39 тонна пораву партовҳои металҳои сиёҳ, аз ҳисоби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун». Нархи ибтидоӣ 105 390 сомонӣ.
- 4,49 тонна пораву партовҳои металҳои сиёҳ, аз ҳисоби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком». Нархи ибтидоӣ 4 490 сомонӣ.
- 6,62 тонна пораву партовҳои металҳои сиёҳ, аз ҳисоби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе». Нархи ибтидоӣ 6 620 сомонӣ.
- 65,64 тонна пораву партовҳои металҳои сиёҳ, аз ҳисоби Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ. Нархи ибтидоӣ 65 640 сомонӣ.
- 15,400 тонна пораву партовҳои металҳои сиёҳ, аз ҳисоби Ҷамъияти саҳомии кушодаи ҶМТКММ «Апрелевка». Нархи ибтидоӣ 15 400 сомонӣ.
- 1,93 тонна пораву партовҳои металҳои сиёҳи чуян, аз ҳисоби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Заргари Тоҷик». Нархи ибтидоӣ 1 544 сомонӣ.
- 1,020 тонна пораву партовҳои металҳои сиёҳи чуян, аз ҳисоби Ҷамъияти саҳомии кушодаи ҶМТКММ «Апрелевка». Нархи ибтидоӣ 816 сомонӣ.
- 0,120 тонна пораву партовҳои металҳои ранга, аз ҳисоби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун». Нархи ибтидоӣ 1 560 сомонӣ.
- 0,08 тонна пораву партовҳои металҳои ранга, аз ҳисоби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе». Нархи ибтидоӣ 1 040 сомонӣ.
- 0,569 тонна пораву партовҳои металҳои ранга, аз ҳисоби Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ. Нархи ибтидоӣ 7 397 сомонӣ.
Қабули дархостҳо барои иштирок кардан дар савдо ва ба қайд гирифтани иштироккунандагон аз рӯзи нашр шудани эълони мазкур дар Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонаи шаҳри Душанбе, кучаи Теҳрон 21 ошёнаи 2-ми "Маҷмаи амвол", оғоз ёфта ва як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад.
Ҷои баргузоршавии музояда – ш. Душанбе, кучаи Теҳрон 21, тел: 221-73-74
Фурӯш бо усули Англисї сурат мегирад
Музояда соати 10.00 барпо мегардад.
Пардохти кафолатнок барои иштирок кардан дар музояда ба 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот баробар аст. Пардохти кафолатнок бо тариқи ғайринақдӣ ба суратҳисоби Корхона супорида мешавад. Дар ҳолати ғолиб баромадан, харидор ба ҳисоби фурӯшанда ба миқдори панҷ фоиз маблағи комиссионӣ ва 0,5 фоиз боҷи давлатӣ аз арзиши фурӯши иншоот месупорад, ки он ба нархи фурӯши лот дохил намешавад. Ғолиби музояда он касе дониста мешавад, ки нархи аз ҳама баландро пешниҳод менамояд.
Маълумоти иловагиро оиди гузаронидани музояда бо нишонии зерин фањмидан мумкин аст: ш. Душанбе, кучаи Теҳрон 21, тел: 221-49-87, 221-73-74. ва сомонаи интернетии Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ WWW.MUZOYADA-KVD.TJ гирифтан мумкин аст.
