Пораву партовҳои металҳо

 Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон савдои музоядавии № 2 оид ба фуруши пораву партовҳои металҳои рангаро “03” октябри  соли 2025 барпо менамояд. 

1

0,001 тонна метали ранга аз ҳисоби Маркази такмили ихтисоси Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб. Нархи ибтидоӣ 15,2 сомонӣ

2

0,003 тонна метали ранга аз ҳисоби Агентии қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе. Нархи ибтидоӣ 45,6 сомонӣ.

3

0,0085 тонна метали ранга аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе. Нархи ибтидоӣ 129,2 сомонӣ.

4

0,058 тонна метали ранга аз ҳисоби Корхонаи воҳиди давлатии Аэрогеодезии Душанбе, воқеъ дар шаҳри Душанбе. Нархи ибтидоӣ 881,6 сомонӣ.

5

0,015 тонна метали ранга аз ҳисоби КВД “Тоҷинвест”, воқеъ дар шаҳри Душанбе. Нархи ибтидоӣ 228 сомонӣ.

       Қабули дархостҳо барои иштирок кардан дар савдо ва ба қайд гирифтани иштироккунандагон аз рӯзи нашр шудани эълони мазкур дар Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 40 ошёнаи 9-ум, оғоз ёфта ва як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад.

       Ҷои баргузоршавии музояда – ш. Душанбе, Рудакӣ 40, тел: 221-73-74

       Фурӯш бо усули Англисӣ сурат мегирад

       Музояда соати 10.00 барпо мегардад.

Пардохти кафолатнок барои иштирок кардан дар музояда ба 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот баробар аст. Пардохти кафолатнок бо тариқи ғайринақдӣ ба суратҳисоби Корхона супорида мешавад. Дар ҳолати ғолиб баромадан, харидор ба ҳисоби фурӯшанда ба миқдори панҷ фоиз маблағи комиссионӣ ва 0,5 фоиз боҷи давлатӣ аз арзиши фурӯши иншоот месупорад, ки он ба нархи фурӯши лот дохил намешавад. Ғолиби музояда он касе дониста мешавад, ки нархи аз ҳама баландро пешниҳод менамояд.

Маълумоти иловагиро оиди гузаронидани музояда бо нишонии зерин фањмидан мумкин аст: ш. Душанбе, Рудакӣ 40, тел: 221-49-87, 221-73-74. 

 


Мо дар шабакахо интернет  

 
Силкаҳои лозима