Пораву партовҳои металлҳои сиёҳ

 

Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон савдои музоядавии № 7 оид ба фуруши пораву партовҳои металҳои сиёҳро “ 01 ” апрели соли 2026 барпо менамояд. 

 

1279,950 тонна пораву партовҳои металлҳои сиёҳ аз ҳисоби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосии Корхонаи воҳиди мусофирбарии Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, воқеъ дар шаҳри Душанбе. Нархи ибтидоӣ 1 279 950 сомонӣ.

         Қабули дархостҳо барои иштирок кардан дар савдо ва ба қайд гирифтани иштироккунандагон аз рӯзи нашр шудани эълони мазкур дар Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 40 ошёнаи 9-ум, оғоз ёфта ва як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад.   

       Ҷои баргузоршавии музояда – ш. Душанбе, Рудакӣ 40, тел: 221-73-74

       Фурӯш бо усули Англисӣ сурат мегирад

       Музояда соати 10.00 барпо мегардад.

Пардохти кафолатнок барои иштирок кардан дар музояда ба 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот баробар аст. Пардохти кафолатнок бо тариқи ғайринақдӣ ба суратҳисоби Корхона супорида мешавад. Дар ҳолати ғолиб баромадан, харидор ба ҳисоби фурӯшанда ба миқдори панҷ фоиз маблағи комиссионӣ ва 0,5 фоиз боҷи давлатӣ аз арзиши фурӯши иншоот месупорад, ки он ба нархи фурӯши лот дохил намешавад. Ғолиби музояда он касе дониста мешавад, ки нархи аз ҳама баландро пешниҳод менамояд.

Маълумоти иловагиро оиди гузаронидани музояда бо нишонии зерин фањмидан мумкин аст: ш. Душанбе, Рудакӣ 40, тел: 221-49-87, 221-73-74. 


Мо дар шабакахо интернет  

 
Силкаҳои лозима