Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ

 қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 декабри соли 2013, № 557

 

Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2015 № 64, аз 16.04.2015 № 222,

аз 25.01.2017 № 47)

 

Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017 (минбаъд - Барнома) тадбирҳои минбаъдаи амалисозии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти хусусигардонии моликияти давлатӣ муқаррар менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 47).

Барнома ҷиҳати татбиқи мақсадҳо, вазифаҳо, самтҳо ва чорабиниҳои минбаъдаи рушди хусусигардонии моликияти давлатӣ дар давраи миёнамӯҳлат қабул карда шудааст.

Барнома ба идома додани корҳо дар самти ташаккули иқтисодиёти бисёрсоҳа бо роҳи густариши муносибатҳои бозорӣ, муҳайё намудани шароит барои инкишофи мӯътадили бахши хусусӣ, ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ташаккули шаклҳои замонавии хоҷагидорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани истифодабарии самараноки воситаҳои асосӣ ва дороиҳои давлатӣ равона гардидааст.

1. Муқаррароти умумӣ

1. Хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асос меёбад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 47).

2. Раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин танзим мегардад:

- Низомномаи фурӯши иншооти сохтмони нотамом ва Комиссияи оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 1997, № 366 тасдиқ шудааст;

- Низомномаи хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1998, № 526 тасдиқ шудааст;

- Низомнома оид ба тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо ва Низомнома оид ба тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар тендерҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004, № 98 тасдиқ шудаанд;

Дастурамали тартиби гузаронидани реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон ва Низомномаи Комиссия оид ба масъалаҳои реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2005, № 125 тасдиқ шудаанд;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009, № 705 "Дар бораи иншооте, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва иншооте, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд";

- Тартиби ба фурӯш баровардани амволи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, № 391 тасдиқ шудааст;

- Тартиби ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил додани корхонаи давлатӣ ва воҳиди сохтории он, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, № 392 тасдиқ шудааст;

- Тартиби ба фурӯш баровардани амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, № 428 тасдиқ шудааст;

- Тартиби муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашаванда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, № 387 тасдиқ карда шудааст.

3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ тибқи барномаҳо ва нақшаҳои миёнамӯҳлат, ки яке аз ҷузъҳои асосии амалисозии ислоҳоти иқтисодӣ ба шумор мераванд, татбиқ карда мешавад.

4. Дар давоми солҳои 1991-2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади хусусигардонии амволи давлатӣ барномаҳо ва нақшаҳои зерин қабул гардида, мавриди амал қарор дода шудаанд:

- Барномаи хусусигардонии объектҳои комплекси агросаноатӣ дар солҳои 1995-1996, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 1995, № 630 тасдиқ гардидааст;

- Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1996-1997, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 майи соли 1996, № 203 тасдиқ шудааст;

- Нақшаи чорабиниҳо оид ба хусусигардонӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 марти соли 1998 тасдиқ гардидааст;

- Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои давлатие, ки тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ дар солҳои 2002-2004 хусусӣ гардонида мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002, № 82 тасдиқ гардидааст;

- Нақшаи стратегии хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ дар солҳои 2002-2004, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2002, №295 тасдиқ шудааст;

- Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2013, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003, №486 тасдиқ гардидааст.


 2. Натиҷаҳои асосии хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 1991-2012

 5. Хусусигардонии моликияти давлатӣ қисми ҷудонопазири сиёсати давлатӣ дар самти ислоҳоти иқтисодӣ ба шумор рафта, барои дигаргун намудани шакли моликият, сохтори муносибатҳои иқтисодӣ ва ташаккули муҳити рақобатнок равона гардидааст.

6. Раванди ислоҳоти моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 оғоз гардида, чандин марҳилаҳоро гузаштааст. Дар марҳилаҳои қаблии хусусигардонӣ вобаста ба вазифаҳои гузошташуда афзалиятҳо ба зинаю самтҳои гуногун дода мешуданд.

7. Дар давраи солҳои 1991-2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11989 адад иншооти давлатии мансуб ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ хусусӣ гардонида шудааст. Инчунин, дар ин давра аз 413988 адад манзили истиқоматии давлатӣ 348464 адад хусусӣ гардонида шудааст, ки 84,2 фоизи манзили истиқоматиро ташкил медиҳад.

8. Дар ҷадвалҳои №1 ва №2 маълумоти асосӣ оид ба хусусигардонии моликияти давлатӣ дар давраи солҳои 1991-2012 вобаста ба соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ, инчунин дар миқёси вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишон дода шудааст.

9. Дар марҳилаҳои гузашта хусусигардонии босуръату оммавии моликияти давлатӣ, ҳарчӣ зудтар паст намудани ҳиссаи давлатӣ дар иқтисоди миллӣ масъалаҳои асосӣ буданд.

10. Дар раванди хусусигардонӣ барои ташаккул ва рушди соҳибкории хурду миёна, инфрасохтори бозори коғазҳои қимматнок дар ҷумҳурӣ замина гузошта шуда, барои ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар шароити мусоид муҳайё гардидааст.

11. Марҳилаи кунунӣ зарурати таҷдиди сохториро дар соҳаҳои энергетика, саноат, алоқа, нақлиёт, мелиоратсия ва қисман дар бахшҳои тандурустӣ ва маориф тавассути гузаронидани ислоҳоти моликияти давлатӣ тақозо менамояд.

12. Таҳлили марҳилаҳои гузаштаи хусусигардонӣ нишон медиҳад, ки дигаргунсозии шакли моликият дар баъзе мавридҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Сабаби асосии чунин ҳолат ин, пеш аз ҳама, ба шароити нави иқтисодӣ мувофиқ гардонида нашудани механизми хоҷагидорӣ мебошад, ки дар натиҷа ҳам корхонаҳои хусусигардонидашуда ва ҳам корхонаҳои давлатӣ натиҷаҳои хуби истеҳсолию иқтисодии фаъолиятро ба даст оварда наметавонанд.

Аз ин лиҳоз, дар баробари дигаргуншавии шакли моликият ҳалли доираи васеи масъалаҳо дар сатҳҳои макроиқтисодӣ ва микроиқтисодӣ зарур мебошад.

13. Айни замон дар 111 адад ҷамъиятҳои саҳомӣ бастаи саҳмияҳои давлатии мансуб ба моликияти ҷумҳуриявӣ вуҷуд дорад.

14. Ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар сармояҳои оинномавии онҳо ҳиссаи давлат мавҷуд аст, вобаста ба саҳми давлат ба тарзи зерин гурӯҳбандӣ карда мешаванд:

а) ҷамъиятҳои саҳомие, ки саҳми давлат дар сармояҳои оинномавии онҳо 100 фоиз мебошад, - 77 адад ҷамъиятҳои саҳомӣ;

б) ҷамъиятҳои саҳомие, ки саҳми давлат дар сармояҳои оинномавии онҳо аз 99 то 50 фоиз мебошад, - 6 адад;

в) ҷамъиятҳои саҳомие, ки саҳми давлат дар сармояҳои оинномавии онҳо аз 49 то 25 фоиз мебошад, - 11 адад;

г) ҷамъиятҳои саҳомие, ки саҳми давлат дар сармояҳои оинномавии онҳо аз 25 фоиз камтар мебошад, - 17 адад.

15. Аз 111 ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки саҳмияҳои давлат дар сармояҳои оинномавии онҳо мавҷуд аст, ҳамагӣ 61 ҷамъиятҳои саҳомӣ ба замимаҳои №1, №2 ва №3 Барнома ворид шудаанд.

16. Ҳамзамон, дар 4 ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ҳиссаи давлатии мансуб ба моликияти ҷумҳуриявӣ мавҷуд мебошад.

17. Давлат ҳуқуқҳои саҳом ва иштирокчиро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд" амалӣ менамояд.

18. Барнома пешбинӣ менамояд, ки боқимонда 50 адад ҷамъиятҳои саҳомии зерини соҳаҳои алоҳида баъд аз омӯзиши иловагӣ ва қабули қарорҳои дахлдор аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд: - 14 адад ҷамъиятҳои саҳомии системаи энергетикии ҷумҳурӣ; - 16 адад ҷамъиятҳои саҳомии системаи газтаъминкунии ҷумҳурӣ; - 5 адад ҷамъиятҳои саҳомии соҳаи авиатсияи граждании ҷумҳурӣ; - 2 адад ҷамъиятҳои саҳомии соҳаи алоқаи ҷумҳурӣ;

- 7 адад ҷамъиятҳои саҳомие, ки бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ таъсис дода шудаанд;

- 4 адад ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар заминаи пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ таъсис дода шудаанд;

- 2 адад ҷамъиятҳои саҳомие, ки ба номгӯи корхонаҳои саноати мудофиавӣ мансуб мебошанд.

19. Раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2014-2017 бо дарназардошти натиҷаи солҳои гузашта, таҷрибаи ба даст овардашуда ва хулосаи давраҳои татбиқшудаи хусусигардонӣ амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 47).


3. Татбиқи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2013

20. Мувофиқи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2013, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003, №486 тасдиқ карда шудааст (минбаъд - Нақшаи стратегӣ), мӯҳлату самтҳои асосии хусусигардонии корхонаҳои мйёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон муайян гардидаанд.

21. Дар давраҳои муқаррарнамудаи татбиқи Нақшаи стратегӣ (солҳои 2003-2012) аз 459 адад корхонаҳои миёнаю калон, ки хусусигардонии онҳо тибқи замимаҳои №1 ва №2 он пешбинӣ шуда буданд, хусусигардонии 357 адад корхонаҳои миёна ва калон дар музоядаҳо ва 67 адад дар тендерҳои сармоягузорӣ ба анҷом расонида шудаанд.

22. Дар доираи амалисозии Нақшаи стратегӣ тибқи 8 адад қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои инфиродии реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон тасдиқ гардидаанд, ки мувофиқи нақшаҳои инфиродии мазкур чорабиниҳои мушаххас ҷиҳати марҳила ба марҳила гузаронидани реструктуризатсияи онҳо муайян шудаанд.

23. Дар доираи қоидаҳои муқаррарнамудаи Нақшаи стратегӣ 9 адад корхонаҳои миёна ва калон барҳам дода шуда, 8 адад корхонаҳои нақшаи мазкур дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

24. Мувофиқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 адад корхонаҳои миёна ва калон аз замимаҳои 1 ва 2 Нақшаи стратегӣ хориҷ шудаанд.

25. Хусусигардонии 11 адад корхонаҳо то ҳоло ба анҷом нарасидааст. Ҷиҳати хусусигардонии 11 адад корхонаҳои Нақшаи стратегӣ то охири соли 2013 чораҳои иловагӣ андешида мешаванд. Дар мавриди амалӣ нагардидани хусусигардонии ин корхонаҳо то охири соли 2013, ҳалли масъалаи мазкур дар доираи талаботи ҳамин Барнома ба роҳ монда мешавад.

26. Дар натиҷаи татбиқи Нақшаи стратегӣ дар 67 адад корхонаҳои миёна ва калоне, ки дар тендерҳои сармоягузорӣ хусусӣ шудаанд, дар маҷмӯъ ба маблағи 85,1 миллион сомонӣ барои инкишофи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳо сармоягузорӣ ворид гардида, ба миқдори 3,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил шудаанд. Нишондиҳандаҳои мазкур аз ӯҳдадориҳои тибқи шартномаҳои хариду фурӯш муайянгардида ба маблағи 12,5 миллион сомонӣ ва ба миқдори 1,1 ҳазор ҷойҳои корӣ зиёд мебошанд.

27. Мутобиқи замимаи 3 Нақшаи стратегӣ тасдиқи 14 адад нақшаҳои инфиродии реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон пешбинӣ шуда буд. Ҷиҳати гузаронидани реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон, аз ҷумла ҶСК "Тоҷиктелеком", ҶСК "Телерадиоком". ҶСК "Тоҷикхимпром", КВДҲ "Тоҷик Эйр", КВД "Тоҷикгаз", КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон", ШСХК "Барқи Тоҷик" ва КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд. Мӯҳлатҳои иҷрои чорабиниҳо ҷиҳати гузаронидани реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калони зикршуда мувофиқи нақшаҳои инфиродии онҳо муайян шудаанд. Инчунин, ҶСК "Тоҷикхимпром" дар натиҷаи гузаронидани реструктуризатсия тибқи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ фурӯхта шуда, шартномаи хариду фурӯши он то ҳол дар ҳолати иҷрошавӣ қарор дорад.

28. Дар баробари ин, аз замимаи 3 Нақшаи стратегӣ мувофиқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 адад субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон хориҷ шудаанд.

29. Амалӣ намудани чорабиниҳои дахлдори нақшаҳои инфиродии реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон ба фаъолияти корхонаҳои мазкур таъсири мусбӣ расонидааст.

30. Дар натиҷаи татбиқи Нақшаи инфиродии реструктуризатсияи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" барои солҳои 2007-2008 субъектҳои нави мустақили хоҷагидор таъсис дода шудаанд, ки аз онҳо ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр", ."Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд", "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб", "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия" то имрӯз пурра давлатӣ мебошанд.

31. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки натиҷаҳои асосии молиявии корхонаҳои мазкур вобаста ба фаъолияти онҳо дар солҳои 20102012 беҳтар шудаанд. Дар натиҷаи фаъолияти босамари ҷамъиятҳои саҳомии кушода аз ҳисоби суди саҳмияҳои давлатӣ дар соли 2011 зиёда аз 3,8 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ворид гардида, дар соли 2012 ин нишондиҳанда зиёда аз 5,7 миллион сомониро ташкил медиҳад.

 

4. Мақсад ва вазифаҳои сиёсати давлат дар самти хусусигардонии моликияти давлатӣ барои солҳои 2014-2017

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 47)

32. Ҷамъбасти татбиқи раванди хусусигардонӣ дар солҳои 1991-2012 нишон медиҳад, ки дар ин давра иҷрои вазифаҳои гузошташуда асосан таъмин карда шудаанд. Ҳамзамон, дар ин давра иҷрои як қатор ҳадафҳои гузошташуда қаноатбахш намебошад, аз ҷумла:

- табақаи васеи соҳибмулкони хусусӣ то ҳол ҳамчун субъектони хоҷагидори самаранок фаъолияткунанда таъсис дода нашудааст;

- сармояи дар раванди хусусигардонӣ ҷалбгардида барои рушди истеҳсолӣ, технологӣ ва иҷтимоии қисми зиёди корхонаҳо нокифоя мебошад;

- азнавсозии сохтори иқтисодиёт на дар ҳама ҳолатҳо ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳо оварда расонидааст ва дар натиҷа вазъи рақобатнокии корхонаҳои як қатор соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ дар бозорҳои дохилӣ ва ҷаҳонӣ нигоҳ дошта нашудааст.

33. Мақсади асосии сиёсати давлат дар самти хусусигардонии моликияти давлатӣ барои давраи миёнамӯҳлат инҳо мебошад:

- таҳкими институти моликияти хусусӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди соҳибкорӣ тавассути хусусигардонии моликияти давлатӣ, зиёд намудани шуғли аҳолӣ;

- мусоидат ҷиҳати рушд ва фаъолияти босамари бозори қоғазҳои киматнок, ки бояд воситаи муҳимтарини ҷалби сармоягузорӣ гардад;

- беҳтар намудани нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодии фаъолияти корхонаҳои хусусигардонидашуда ва шахсони ҳуқуқии бо иштироки давлат таъсисдодашуда;

- кам намудани сарбории буҷети давлатӣ, таъмини афзоиши даромадҳои давлатӣ ва воридоти маблағҳо ба буҷет давлат тавассути хусусигардонии моликияти давлатӣ, истифодабарии самараноки дороиҳои давлатӣ ва зиёд намудани манбаи суди саҳмияҳои пардохтшаванда.

34. Барои татбиқи мақсадҳои зикршуда ҳалли вазифаҳои зерин зарур мебошад:

- бо дарназардошти талаботи воқеии бозор ба анҷом расонидани хусусигардонии объектҳое, ки дар марҳилаҳои қаблӣ оғоз гардидааст; баланд бардоштани ҷолибнокии корхонаҳои давлатӣ барои ҷалби сармоягузорӣ, фаъолгардонии корҳо оид ба ташкили тендерҳои сармоягузорӣ бо мақсади дарёфти соҳибмулкони корсоз, ҷалби сармоягузории зарурӣ барои инкишофи истеҳсолӣ, технологӣ ва иҷтимоии корхонаҳои хусусигардонидашаванда;

- гузаронидани таҷдиди сохтори корхонаҳо ва азнавсозии корхонаҳои даромаднокиашон нисбатан паст;

- ҷалб кардани моликияти истифоданашаванда ба гардиши хоҷагидорӣ;

- ворид намудани воситаю усулҳои муосири идоракунии дороиҳои давлатӣ;

- такмили қонунгузорӣ оид ба хусусигардонӣ ва идоракунии моликияти давлатӣ, муфлисшавӣ ва фаъолияти баҳодиҳӣ, бо дарназардошти шароити дигаргуншавандаи иқтисодӣ.

 

5. Самтҳо ва чорабиниҳои хусусигардонии моликияти давлатӣ  барои солҳои 2014-2017

 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 47)

35. Барнома самтҳои асосӣ ва чорабиниҳои минбаъдаи хусусигардонии моликияти давлатиро барои солҳои 2014-2017 муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 47).

36.. Самти асосии хусусигардонии моликияти давлатӣ дар давраи солҳои 2014-2017 фурӯши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомӣ мебошад. Амалӣ намудани ин самти хусусигардонӣ тариқи фурӯши бастаҳои саҳмияҳои давлатӣ дар музоядаҳо, тендерҳо ва тибқи лоиҳаҳои инфиродии хусусигардонӣ сурат мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 47).

37. Вобаста ба аҳамияти стратегии ҷамъиятҳои саҳомии кушода ва барои ноил гардидан ба, мақсадҳои гузошташудаи Барнома бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта ба се гурӯҳ тақсим карда мешаванд:

а) бастаи саҳмияҳои давлатие, ки тариқи музоядаҳо ба фурӯш пешниҳод карда мешаванд (замимаи №1);

б) бастаи саҳмияҳои давлатие, ки тариқи тендерҳо ба фурӯш пешниҳод карда мешаванд (замимаи №2);

в) бастаи саҳмияҳои давлатие, ки тибқи лоиҳаҳои инфиродии хусусигардонӣ ба фурӯш пешниҳод карда мешаванд (замимаи №3).

38. Вобаста ба ин, ҷамъиятҳои саҳомии кушодае, ки дар сармояи оинномавии онҳо саҳми давлат мавҷуд мебошад, мувофиқи замимаҳои №1, №2 ва №3 Барнома гурӯҳбандӣ карда шудаанд.

39. Бастаи саҳмияҳои давлатии ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи дар давраи солҳои 2014-2017 таъсисдодашуда аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи музоядаҳо ва тендерҳо фурӯхта мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 47).

40. Дар ин давра фурӯши бастаи саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии кушодае, ки дар натиҷаи татбиқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон таъсис дода мешаванд, тариқи музоядаҳо ва тендерҳо амалӣ мегардад.

41. Ҷамъиятҳои саҳомии кушодае, ки аз соли 1991 ва дар давраи татбиқи Нақшаи стратегӣ таъсис ёфтаанд, тибқи талаботи ҳамин Барнома аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш пешниҳод карда мешаванд.

42. Хусусигардонии саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи системаи газтаъминкунии ҷумҳурӣ ("Тоҷиктрансгаз", "Душанбегаз", "Исфарагаз", "Турсунзодагаз", "Кофарниҳонгаз", "Кӯлобгаз", "Ленинободгаз", "Сомониёнгаз", "Фурӯзон-Газ", "Истаравшангаз", "Зафарободгаз", "Конибодомгаз", "Ёвонгаз", "Ҳисоргаз", "Қайроққумгаз", "Панҷакентгаз" ва ғайра) дар мавриди ба фаъолияти мӯътадил гузаштани онҳо тариқи тендерҳо сурат мегирад.

43. Хусусигардонии саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи Нақшаи инфиродии реструктуризатсияи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" барои солҳои 2011-2018, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, №431 тасдиқ гардидааст ва дар асоси қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

44. Хусусигардонии ҷамъиятҳои саҳомии соҳаи авиатсияи гражданӣ ("Тоҷик Эйр", "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд", "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа" ва "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб") дар асоси қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад,

45. Хусусигардонии ҷамъиятҳои саҳомии соҳаи алоқа ("Тоҷиктелеком" ва "Телерадиоком") дар доираи талаботи нақшаҳои инфиродии реструктуризатсияи онҳо татбиқ карда мешавад.

46. Мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бастаи саҳмияҳои давлатиро, ки дар сармояи оинномавии ҷамъиятҳои саҳомии кушода 25 фоиз ва аз он камтар мебошад, бо нархи ибтидоӣ ба андозаи на камтар аз 20 фоиз аз арзиши баҳододашудаи онҳо тариқи музоядаҳо ба фурӯш пешниҳод намояд.

47. Самти дигари хусусигардонии моликияти давлатӣ дар давраи солҳои 2014-2017 ин ба фурӯш баровардани амволи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ мебошад. Амалӣ намудани ин самти хусусигардонӣ асосан тариқи ба фурӯш баровардани амволи давлатӣ ҳамчун объекти ҷудогонаи хусусигардонӣ дар музоядаҳо сурат мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 47).

48. Ҳамзамон, дар ин самт фурӯши объектҳои соҳаи иҷтимоӣ, аз қабили иншооти соҳаи маориф, тандурустӣ, истироҳатгоҳҳо ва маҷмааҳои варзишии мансуб ба моликияти давлатӣ, ки дар тавозуни ҷамъиятҳои саҳомии хусусигардида қарор доранд, инчунин дегхонаҳо ва буғхонаҳои фаъолиятнадошта тариқи тендерҳо сурат мегирад.

49. Дар ҳолати зарурӣ хусусигардонии дегхонаҳо ва буғхонаҳо, инчунин баъзе иншооте, ки ба аҳолии маҳал хизмат мерасонанд, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор ба роҳ монда мешавад.

50. Яке аз самтҳои хусусигардонӣ дар давраи солҳои 2014-2017 ин фурӯши иншооти сохтмонашон нотамоми давлатӣ мебошад. Фурӯши иншооти сохтмонашон нотамом тариқи музоядаҳо ва тендерҳо дар асоси қарорҳои қабулнамудаи мақоми ваколатдор амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 47).

51. Ҳангоми мавҷуд будани зарурати истифодаи қитъаи замини иншооти сохтмонашон нотамоми хусусишаванда барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё мувофиқи мақсад набудани идомаи сохтмон тибқи лоиҳаи он, иншооти мазкур барои таҷзия ва истифодаи масолеҳи сохтмонии онҳо бе ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини ба иншооти фурӯхташаванда вобастагардида дар асоси қарорҳои дахддори мақоми ваколатдор фурӯхта мешаванд.

52. Дар раванди татбиқи Барномаи мазкур мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклу шартҳои хусусигардониро муайян менамояд.

53. Чорабинии муҳим дар давраи татбиқи Барнома ин ба ҷамъиятҳои саҳомии кушода табдил додани корхонаҳои давлатии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ки дар замимаи №4 дарҷ гардидаанд, мебошад.

54. Корхонаҳои воҳиди давлатие, ки дар сохторашон корхонаҳои фаръӣ ва дигар воҳидҳо фаъолият доранд, ҷудо карда шуда, ба ҷамъиятҳои саҳомии кушода ё корхонаҳои хусусишаванда табдил дода мешаванд.

55. Дар давраи татбиқи Барнома мақоми ваколатдории давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили иншооти моликияти давлатиро гузаронида, бо мақсади истифодаи самараноки онҳо тавассути хусусигардонӣ чораҳо меандешад.

56. Дар баробари ин, рӯйхати корхонаҳои ба саноати мудофиавӣ мансуббуда тибқи тартиби муқарраргардида аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад. Баъд аз тасдиқ шудани рӯйхат, ҷиҳати тағйир додани шакли моликияти корхонаҳои хориҷшуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор чораандешӣ карда мешавад.

57. Дигар чорабинии муҳим ин гузаронидани корҳои мушаххас ҷиҳати муайян намудани мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳаммуассис дар ҷамъиятҳои хоҷагидоре, ки бо иштироки давлату ҷалби сармоягузории хориҷӣ ё дохилӣ ба қайд гирифта шудаанд ва таъсис дода мешаванд, мебошад. Татбиқи ҳамин чорабинӣ масъалаҳои идораи самараноки дороиҳои давлатӣ, инчунин истифодаи минбаъдаи ҳиссаи давлатиро дар чунин ҷамъиятҳо ҳал менамояд.

58. Ҳамчунин, омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳои ҷаҳон оид ба хусусигардонии субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон чорабинии таъхирнопазир буда, дар давраи татбиқи Барнома ҷиҳати ҷорӣ намудани таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин самт корҳои зарурӣ гузаронида мешаванд.

59. Истифодаи мақсадноки амволи мудофиаи гражданӣ, ки дар тавозуни корхонаҳои хусусишаванда қарор дорад, аз ҷониби соҳибмулкони нави корхонаҳои мазкур дар доираи талаботи амалкунанда таъмин карда мешавад.

60. Дар давраи татбиқи Барнома хусусигардонии корхонаҳои дар соҳаи истифодабариии қаъри замин фаъолиятдошта тибқи лоиҳаҳои инфиродии хусусигардонӣ сурат мегирад ва дар ин асно барои ҷалби бештари сармоягузориҳои мустақим ба иқтисодиёти миллӣ яке аз мақсадҳои асосии ислоҳот ба шумор меравад.