Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!


 

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.

Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд.

Мо ҳамчунин, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем.

Сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ ба мо муяссар шуд, ки нишондиҳандаҳои рушдро дар ин марҳалаи ҳассос таъмин намоем.

Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид.

Ҳол он ки мо дар давраи пандемияи КОВИД–19 беш аз ду сол дар шароити маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ қарор доштем.

Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид.

Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.

Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд.

Бо мақсади идома додани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки дар соли 2024 тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда шавад.

Вакилони муҳтарам!

Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд гардида, соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар афзоиш ёфт.

Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид.

Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Дар ин давра танҳо ҷиҳати пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин, ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 милларду 70 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Ҳукумати мамлакат барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар оянда низ тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Дар се соли минбаъда ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзоиш дода шуда, ба ин мақсад 61 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.

Вазорати молия вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати таъмин намудани нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ, самаранокии хароҷоти он ва фарогирии пурраи сарчашмаҳои имконпазири даромади буҷет раванди рақамикунонии молияву андозро густариш бахшида, дар муҳлатҳои наздиктарин низоми мукаммали муносибатҳои молияи рақамиро роҳандозӣ намояд.

Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳо дар ду соли минбаъда низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ пурра ҷорӣ карда, ҳамгироии фаъолиятро дар ин самт таъмин намоянд.

Инчунин, бо мақсади ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати рушди бозори коғазҳои қиматнок, бахусус, коғазҳои қиматноки «сабз» ва бозори такрорӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Соли 2023 дороии сохторҳои молиявию қарзии кишвар нисбат ба соли гузашта 22 фоиз зиёд гардида, 39,6 миллиард сомониро ташкил кард.

Соли ҷорӣ пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби низоми бонкӣ дар муқоиса бо соли 2022-юм 31,1 фоиз афзоиш ёфта, ба 18,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда 32,1 фоиз зиёд гардида, 13,3 миллиард сомониро ташкил дод.

Қарзҳои ба занону бонувони соҳибкор пешниҳодшуда 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Дар ин давра бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ташкилотҳои қарзии ватанӣ 32 фоиз зиёд гардида, ба 18,6 миллиард сомонӣ расид.

Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки дар самти дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ ва дар ин замина зиёд кардани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат, дастрас ва бо фоизи паст, инчунин, пурра ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ва истифодаи васеи технологияҳои молиявӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид.

Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шуданд.

Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд.

Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси кишвар барои ташаббусҳои созандаашон ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ изҳор менамоям.

Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки барои баланд бардоштани шаффофият, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт тадбирҳои саривақтиро амалӣ созанд ва ташаббусҳои соҳибкоронро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳафт соли охир ба кишвар ба маблағи беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки зиёда аз 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.

Дар ин давра дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст.

Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Тибқи «Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030» ҳаҷми сармояи мустақим то соли 2026 нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 10 фоиз расонида шуда, солҳои 2022 2026, яъне дар панҷ сол бояд ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шавад.

Соли 2023 барои ташкили истеҳсолоти нави саноатӣ, васеъгардонии фондҳои асосӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти наву рақобатнок аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва маблағи корхонаҳо зиёда аз 7 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 1,5 баробар зиёд мебошад.

Зарур аст, ки дар ин раванд ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, сармоягузорон, шарикони рушд ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо воридоти технологияҳои муосири каммасраф ва дар ин замина ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакат доир ба ислоҳоти низоми ҷалби сармоя, таҳияву пешниҳод ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт, бахусус, дар бахшҳои саноативу агросаноатӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои баланд бардоштани имкониятҳои сармоягузорӣ ба кишвар стандартҳои миллии экологиву иҷтимоӣ ва идоракуниро дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ таҳия намоянд.

Ҳамватанони азиз!

Соҳаи саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд.

Дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Танҳо аз ҳисоби зиёд шудани иқтидорҳои саноатӣ дар замони истиқлол талабот ба неруи барқ беш аз 800 мегаватт зиёд гардид.

Дар 75 соли замони гузашта (то соли 1991) дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт.

Танҳо пас аз барқарорсозии сулҳу субот ва роҳандозии фаъолияти бонизоми соҳаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ мо имконият пайдо кардем, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат машғул шавем.

Яъне мо ба рушди иқтисодии мамлакат аз соли 2000-ум ҳамагӣ 23 сол пеш шурӯъ кардем.

Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, мо солҳои 2022 2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намудем.

Ҷиҳати амалисозии ин иқдом тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Танҳо дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст.

Бо вуҷуди ин, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд доранд.

Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки соли ҷорӣ содироти маҳсулоти саноатӣ тамоюли коҳишёбӣ пайдо кардааст.

Соли 2022 содироти маҳсулоти соҳа ба 22,8 миллиард сомонӣ расида буд, вале дар соли 2023-юм ин нишондиҳанда ҳамагӣ 18,5 миллиард сомониро ташкил карда, 19 фоиз кам гардид.

Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки афзоиши назарраси ҳаҷми коркард ва маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногунсамтии истеҳсолот, ҷойгиркунонии самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таъсиси маҷмааҳои саноатиро таъмин намоянд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба рушди саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ба ин васила ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолии кишвар, хусусан, ҷавонону бонувон эътибори махсус диҳанд.

Вобаста ба масъалаҳои зикргардида, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки доир ба такмили низоми омода намудани мутахассисон барои бахши воқеии иқтисодиёт, бо дарназардошти афзалиятҳои соҳавӣ, таъсиси маҷмааҳои саноатӣ, агросаноатӣ ва хизматрасонӣ, тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.

Тавре ки ҳамватанони азизи мо мушоҳида мекунанд, солҳои охир тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфии худ қарор додааст.

Дар кишвари мо ҳар сол офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари зиёд мерасонанд.

Бинобар ин, бо мақсади истеҳсоли «энергияи сабз», рушди «иқтисоди сабз» ва паст кардани партови газҳои гулхонаӣ зарур аст, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд.

Дар робита ба ин, Саридораи геология бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи муҳандисиву геологӣ ва бо нишон додани минтақаҳое, ки зери таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, Атласи равандҳои экзогениву геологии кишварро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Инчунин, ба Ҳукумати мамлакат ва Саридораи геология супориш дода мешавад, ки фаъолиятро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиш, ҷустуҷӯ, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои канданиҳои фоиданок вусъат бахшанд.

Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав ва Саридораи геология вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати дарёфти маблағҳои зарурӣ барои тақвияти корҳои таҳқиқотиву геологӣ ва мушаххассозии захираҳои мавҷуда тадбирҳои амалӣ андешанд.

Бояд гуфт, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.

Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ карда шуд.

Агар мо ин корро намекардем, шояд имрӯз умуман бе барқ мемондем.

Дар ин давра танҳо барои азнавсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда беш аз 11,3 миллиард сомонӣ равона гардида, неругоҳи барқи обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд.

Инчунин, таҷдиди неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум» бомаром идома дошта, баъди ба анҷом расидани корҳо иқтидори онҳо, дар маҷмӯъ, 423 мегаватт афзоиш меёбад.

Нуктаи муҳим ин аст, ки неругоҳҳои зикршуда баъди азнавсозӣ ба мардуми Тоҷикистон боз даҳсолаҳои дигар хизмат хоҳанд кард.

Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти фаровонии захираҳои гидроэнергетикӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли «энергияи сабз» ва содироти он, дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 фоиз зиёд мебошад.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои гузошташуда зарур аст, ки дар солҳои оянда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар сохтору мақомоти марбута тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:

Якум: бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор» ва таҷдиди неругоҳҳои амалкунандаро бомаром идома дода, корҳо дар самти дарёфти маблағгузории иқтидорҳои нави тавлиди «энергияи сабз» ва ба 10 ҳазор мегаватт расонидани иқтидорҳои энергетикии кишвар вусъат дода шаванд.

Дуюм: барои беҳтар кардани таъминоти аҳолии кишвар бо барқ ва рушди соҳаи истихроҷи маъдан ва саноати металлургия суръати корҳои асосноккунии техникӣ ва лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт дар дарёи Вахш, «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт дар се марҳала дар дарёи Панҷ қисмати ноҳияи Рӯшон ва «Чарсем» дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт, бо дарназардошти бунёди хатти интиқоли барқ ва дигар инфрасохтори зарурии интиқол ва тақсимоти барқ тезонида шавад.

Сеюм: дар робита ба амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли барқи CASA1000 ва азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ барои дар 7 соли оянда то 10 миллиард киловатт соат афзоиш додани содироти неруи барқ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Чорум: ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ноил гардидан ба нишондиҳандаи на зиёда аз 9 фоизи талафот татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ин самт таъмин гардида, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ҳалли ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат бахшида шавад.

Панҷум: бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Шашум: корҳо дар самти гузариш ба таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва истеҳсоливу коммуникатсионии мамлакат ва риояи маданияти баланди истифодаи неруи барқ аз ҷониби аҳолӣ тақвият бахшида шаванд.

Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем.

Бо ин мақсад дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳоло дар ин иншооти муҳимми аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3,5 ҳазор техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд.

Бо амалисозии тадбирҳои зикршуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.

Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад.

Ҳоло кишвари мо аз рӯйи фоизи истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон дар ҷойи 6-ум қарор дорад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он Ҳукумати мамлакат аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ, тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.

Дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин Тоҷикистон Афғонистон ва Чин Тоҷикистон Ӯзбекистон Туркманистон Эрон Туркия Аврупо, инчунин, Тоҷикистон Чин Покистон истифода хоҳанд шуд.

Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро лоиҳакашӣ ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд.

Роҳҳои Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 километр), аз Варшез то гузаргоҳи Кулма Қарасу (300 километр), Бохтар Ҷалолиддини Балхӣ Қубодиён Шаҳритус Айвоҷ сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон (170 километр), Хуҷанд Конибодом (57 километр), Хуҷанд Ашт (122 километр) ва Балҷувон – Сари Хосор (58 километр) аз ҷумлаи ҳамин лоиҳаҳо мебошанд.

Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Ҳоло лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Роғун Обигарм Нуробод ба маблағи 3,3 миллиард сомонӣ ва бунёди пули калонтарин дар мамлакат бо дарозии 920 метр ба маблағи 625 миллион сомонӣ дар водии Рашт амалӣ шуда истодаанд.

Инчунин, татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои Бекобод Деҳмой, Деҳмой Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз ва Конибодом – Кучкак (52 километр) 635 миллион сомонӣ дар вилояти Суғд, Бохтар Левакант Лолазор Данғара (69 километр) 672 миллион сомонӣ, Ҳулбук Темурмалик Кангурт (59 километр) 740 миллион сомонӣ дар вилояти Хатлон идома дорад.

Ҳамзамон бо ин, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Қалъаихумб Ванҷ сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) бо сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 километр ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ, сохтмони ду пул бо дарозии 283 метр аз болои дарёҳои Ғунд ва Шорфдара, 4,5 километр роҳ ва долонҳои зидди тарма (550 метр) ба маблағи 342 миллион сомонӣ идома дорад.

Бунёди роҳҳои Гулистон Кӯлоб (35 километр) 745 миллион сомонӣ, Данғара Гулистон (49 километр) 1 миллиарду 314 миллион сомонӣ, Гулистон Фархор Панҷ Дӯстӣ (137 километр марҳалаи якум) 449 миллион сомонӣ ва марҳалаҳои боқимонда ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ дар давраи оғозшавӣ қарор дорад.

Дар 7 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар пойтахти мамлакат 82 километр роҳҳо ба маблағи 2 миллиарду 235 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шуданд.

Дар се соли оянда дар шаҳри Душанбе 40 километр роҳҳои