Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурўши амволи давлатӣ дар семоҳаи аввали соли 2020

            Корхонаи воњиди давлатї оид ба ташкили фурўши амволи давлатї вобаста ба иљрои ќарорњои Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї, њайати мушовараи Кумита ва дастуру супоришњои Раис ва роњбарияти Кумита дар самти амалигардонии вазифањои базиммадошта оид ба таъмини суратбахшии љараёни хусусигардонї ва истифодабарии самараноки моликияти давлатї, тавассути ташкилу баргузории музоядањо ва озмунњои шаффофу ошкорбаёна бо маќсади фурўш ва ба иљора супоридани моликияти давлатї дар се моњаи аввали соли 2019 маълумоти мазкурро манзур менамояд.

Дар семоҳаи аввали соли 2020 бањри ташкили фурўши моликияти давлатї дар маљмўъ 14 адад ќарорњои њайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон ба КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатї ворид гардида, дар ин замина 14 музояда, аз љумла, 1 музоядаи фуруши бастаи саҳмияҳои давлатӣ, 3 музоядаи фурўши иншоотњои ѓайриманќул, 6 музояда оид ба фурўши воситањои наќлиёт ва 4 музояда оид ба фурўши металњои сиёњ ва ранга баргузор карда шуд.

Зимни музоядањои мазкур, аз љумла њангоми ба савдо баровардани бастаи саҳмияҳои 1 ҷамъияти саҳомӣ ва 4 иншоотҳои ѓайриманќул фурўхта шуд.  

Дар давраи њисоботї њангоми ба савдо баровардани 9 иншоотњои ѓайриманќул 4 адади онњо фурўхта шуда 5 адад иншооти боќимонда ба савдои навбатї бароварда шудаанд. Тањлил нишон дод, ки дар семоҳаи аввали соли 2020 иншооти ѓайриманќул назар ба њамин давраи соли 2019 камтар, 49 % иншооти ѓайриманќул фурўхта шудааст.  

Оид ба фурўши воситањои наќлиёт дар давраи ҳисоботӣ 6 савдои музоядавї баргузор шуда, тавассути 100 адад воситаҳои наќлиётї ба савдо гузошта шудаанд ва дар натиљаи савдо 45 адади он фурўхта шудаанд.

Дар мавриди фурўши пораву партовњои металњои сиёњ ва ранга, ки дар натиљаи аз эътибор соќит намудани воситањои асосии корхонаю ташкилотњои давлатї љамъоварї карда мешаванд, иттилоъ хоњем дод, ки дар семоҳаи аввали соли 2020 ба Корхона њамагї 4 адад ќарори њайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї љињати иљро пешнињод гардидааст.

Ба њолати 31 марти соли 2020 дар натиљаи чорањои муштараки Корхона ва бахшњои минтаќавии он, дар маљмўъ 350,671 тонна пораву партовњои металлњои сиёњ, чуян ва ранга фурўхта шуд Аз љумла:

Пораву партовњои металҳои: сиёҳ – 318,638 тонна, чуян – 31,259 тонна, ранга – 0,774 тонна.

Дар давраи њисоботї КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатї 2 музояда оид ба фурўши амволњои њабсгардида љињати ба савдои музоядавї баровардани таљњизотњо ва амволи људогона, тибќи супориши Кумита баргузор намуд, ки дар натиљаи савдоњо 13 адад маљмўи амволњои њабсгардида фурўхта шуданд.

Дар навбати худ, аз њисоби таъмини раќобат, дар савдоњои музоядавї дар семоҳаи аввали соли 2020 нархи амволњои фурўхташуда нисбати нархи ибтидоии онњо таќрибан 11 % афзудааст.

Корхонаи воњиди давлатї оид ба ташкили фурўши амволи давлатї љињати тавассути баргузории озмунњо ба роњ мондани иљораи амволи давлатї ва сариваќт таъмин намудани пардохти маблаѓи иљора дар доираи талаботњои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 ноябри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиќи Тартиби ба иљора супоридани амволи давлатї» ва ќарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон чорањои зарурї андешидааст.

Иттилоъ хоњем дод, ки дар давраи њисоботї дар асоси супоришњои озмунии Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатї Корхона љињати ба иљора супоридани амволи давлатї 3 озмун барпо намуда, тавасути он 54 адад иншооти давлатї ба иљора супоридааст.

Дар маљмўъ ба њолати 31 марти соли 2020 – 681 адад шартнома мавриди амал ќарор дорад. Аз љумла, тавассути КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатї 515 шартнома, тавассути бахши Суѓдии КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатї 115 ва тавассути Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатї 51 шартнома баста шудаанд.

Дар самти назорати пардохти сариваќтии маблаѓњои иљора аз љониби Корхона мунтазам чорањои зарурї андешида шуда, аз љумла, аз љониби КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатї дар ин давра 31 огоњинома ба Иљорагироне, ки маблаѓњои иљораро сариваќт напардохтаанд бо њисобї намудани љаримањо ирсол карда шуд.

            Дар семоҳаи аввали соли 2020 оид ба баргузории музоядањо дар рўзномањои љумњуриявї мувофиќи талаботњои Низомномаи «Тартиби фурўши объектњои моликияти давлатї дар музоядањо» 19 – ахбори пурраи иттилоотї чоп карда шуда, бо маќсади љалби бештари иштирокчиён ба музоядањо ва таъмини шаффофият раванди мазкур дар сомонаи интернетии Корхонаи воњиди давлатї оид ба ташкили фурўши амволи давлатї эълону маълумотњои пурра оид ба баргузории музоядањои фурўши амволњои давлатї бо дарљи аксу маълумотњои техникии иншоотњо мунтазам инъикос мегарданд.